Дурнамои ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон ва Эрон муҳокима гардид

Февраль 19, 2026 11:40

ДУШАНБЕ, 19.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дурнамои ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон ва Эрон  дар мулоқоти Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ҷониби тоҷикистонии  Комиссияи муштараки Тоҷикистону Эрон оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ, илмӣ ва фарҳангӣ Далер Ҷумъа бо Вазири саноат, маъдан ва савдои Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайидмуҳаммади  Атобак дар Душанбе баррасӣ гардид.

Ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон  иттилоъ доданд, ки ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор дода, дурнамои робитаҳои иқтисодиро муҳокима намуданд.

Иброз гардид, ки заминаҳои ҳуқуқӣ ва иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва Эрон барои густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои энергетика, саноат, нақлиёт, кишоварзӣ ва тиҷорат имконияти фарох фароҳам овардаанд.

Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа аз сатҳи баланди муносибатҳои мавҷуда изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии ҷониби Тоҷикистонро барои тақвияти минбаъдаи ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва ҷалби сармоя иброз дошт.

АКС: Вазорати  энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 19, 2026 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд
Дар ноҳияи Ҷайҳун сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 250 мегаватт идома дорад
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад