Хадамоти алоқа: Соли 2025 ҳаҷми хизматрасонии почта дар Тоҷикистон беш аз 18 миллион сомониро ташкил дод
ДУШАНБЕ, 01.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2025 ҳаҷми хизматрасониҳои почтавӣ ба аҳолӣ дар Тоҷикистон ба 18 миллиону 329 ҳазору 103 сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 (14 миллиону 19 ҳазору 656 сомонӣ) 130,7 фоиз зиёд мебошад. Дар ин хусус Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёри Саъдулло 28 январ зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Иброз гардид, ки дар доираи лоиҳаи рушди низоми почта автоматикунонии равандҳои муросилоти почтавӣ тавассути ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ амалӣ мегардад. Бо ин мақсад таҷҳизоти системаҳои назоратии онлайнӣ дастрас карда шуда, дар назар аст, ки ояндаи наздик мавриди истифода қарор гиранд.
«Муосиргардонии низоми почта ба рушди тиҷорати электронӣ мусоидат намуда, сифати хизматрасониро беҳтар хоҳад кард. Ҳоло яке аз мушкилоти асосии соҳа таъхири расонидани бастаҳои почтавӣ мебошад», – изҳор дошт Исфандиёри Саъдулло.
Сардори хадамот гуфт, ки дар доираи «Стратегияи рушди соҳаи алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» ва тибқи нақшаи логистикӣ дастрасии муросилоти почтавӣ вобаста ба минтақаҳо то 24 соат ба роҳ монда хоҳад шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки ҳоло барои ба самтҳои гуногун фиристодани муросилоти почта ҳамкории судманд бо ҳамтоён аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва хориҷи дуру наздик ба роҳ монда шудааст. Аз ҷумла, пас аз таваққуфи яксола соли 2025 мубодилаи почта бо Федератсияи Русия барқарор карда шуд.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд
Дар ноҳияи Ҷайҳун сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 250 мегаватт идома дорад
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид






