Хушкмеваҳои Тоҷикистон дар шаҳри Пензаи Федератсияи Русия талабгори зиёд пайдо намудаанд
ДУШАНБЕ, 19.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Пензаи Федератсияи Русия бо ташаббуси соҳибкори тоҷик ду мағозаи фурӯши маҳсулоти истеҳсоли Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин мағозаҳо хушкмеваҳои Тоҷикистон, аз ҷумла донаи зардолу, ғулинг, тут, чормағз, хуч, мавиз, себу нок, меваҳои консервашуда, полезиҳо, меваҷот ва сабзавоти тару тоза, инчунин маҳсулоти саноати хӯрокворӣ, аз ҷумла нӯшокиҳои ташнагишикан ва маҳсулоти қаннодӣ пешниҳоди харидорон мегарданд. Тамоми молу маҳсулоти ба фурӯш бароварда истеҳсоли Тоҷикистон мебошад. Ин омил дар муаррифии иқтидори истеҳсолии мамлакат ва ҷалби таваҷҷуҳи шаҳрвандони хориҷӣ ба маҳсулоти ватанӣ нақши муҳим дорад.
Дӯстдорони мева ва хушкмеваҳои Тоҷикистон дар Пенза зиёд буда, ин мағозаҳо аллакай муштариёни доимӣ пайдо намудаанд. Маҳсулоти содиротии Тоҷикистон асосан дар қуттиҳои картонӣ ва пластикии муосир, бо тарҳи зебо ва мутобиқ ба талаботи байналмилалӣ бастабандӣ гардида, ба рақобатпазирӣ дар бозори ҷаҳонӣ мусоидат менамояд.
Бояд гуфт, ки дар корхонаҳои коркард ва истеҳсоли хушкмеваи Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз қариб 80 номгӯй маҳсулот истеҳсол мегардад. Танҳо аз навъҳои гуногуни зардолу беш аз 25 намуд ва ҳамзамон аз олу, себ, хурмо, шафтолу, анҷир, тут, лимӯ, чормағз, писта, бодом ва ангур (мавиз) маҳсулот истеҳсол карда мешавад.
Тоҷикистон ҳамчун мамлакати истеҳсолкунандаи зардолуи хушсифат эътироф гардида, рушди соҳаи коркард ва содироти хушкмеваҳо яке аз самтҳои муҳими иқтисоди миллӣ ба ҳисоб меравад. Ин раванд барои таъсиси ҷойи нави кор, афзоиши ҳаҷми содирот ва таҳкими мавқеи маҳсулоти тоҷикӣ дар арсаи байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
АКС: АМИТ «Ховар»


















Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд
Дар ноҳияи Ҷайҳун сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 250 мегаватт идома дорад
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад






