«КАМАРБАНДИ САБЗ». Дар шафати роҳҳои мошингарди Тоҷикистон беш аз 5 миллион бех ниҳол шинонида мешавад
ДУШАНБЕ, 02.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» дар шафати роҳҳои мошингарди мамлакат беш аз 5 миллион бех ниҳол шинонида, дар канори роҳҳо «камарбанди сабз» таъсис диҳад. Тавре Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим 29 январ зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод, соли 2026 вазорат тасмим гирифтааст, ки дар шафати роҳҳои мошингарди мамлакат 120 ҳазор бех ниҳол шинонад.
Азим Иброҳим гуфт, ки дар мавзеи Лучоб дар 4 гектар ниҳоли дарахтони гуногуни ҳамешасабзу сояафкан ва ороишӣ парвариш карда шуда, баъдан ин ниҳолҳо дар шафати шоҳроҳ, роҳҳои байналмилалию ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ шинонида мешаванд. Шинонидани ниҳоли дарахтон кори осон буда, вале нигоҳубин ва сабзонидани он аз ҳар фарди ҷомеа, хусусан кормандони идораҳои маҳаллии хоҷагии роҳҳои автомобилгарди Вазорати нақлиёти Тоҷикистон масъулияти баланд талаб менамояд.
Бояд гуфт, ки моҳи марти соли 2025 дар доираи ҳашари дастҷамъонаи ниҳолшинонӣ, ки дар қитъаи роҳи мошингарди «Душанбе–Хоруғ»- аз маҳаллаи Теми шаҳри Хоруғ то маркази ноҳияи Шуғнон баргузор гардид, беш аз 600 бех дарахти сӯзанбарг шинонида шуд. Дар маҷмуъ, дар доираи Барномаи кабудизоркунӣ ва ба «кишвари сабз» табдил додани Тоҷикистон дар канори роҳҳои мошингарди мамлакат 5 миллион бех ниҳоли дарахтони гуногун, аз ҷумла дарахтони мевадиҳандаи хуч, ангат, коҷ (санавбар), дарахтони сояафкану ороишӣ ва ҳамешасабз шинонида мешаванд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 июни соли 2024 санади муҳим «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040»-ро қабул намуд. Тибқи он дар муддати 14 соли оянда дар ҳудуди Тоҷикистон беш аз 2 миллиард бех ниҳол шинонида мешавад. Тадбирҳои ин барнома ба коҳиш додани партовҳои газҳои гулхонаӣ, барқарор кардани ҳолати экологии ҳавои атмосфера, нигоҳ доштани тавозуни устувори табиӣ ва мутобиқ шудан ба равандҳои тағйирёбии иқлим равона карда шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 28 декабри соли 2023 дар Паём ба Маҷлиси Олӣ ба Вазорати нақлиёт ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ супориш доданд, ки барои такмили стандартҳои экологӣ ва иҷтимоии таҳияи лоиҳаҳои сохтмон, таҷдид ва истифодаи роҳҳо бо мақсади мутобиқ гардонидани онҳо ба принсипҳои иқтисодиёти «сабз», сабзазоркунии роҳҳои мошингарди дорои аҳамияти байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ тадбирҳои фаврӣ андешанд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Президенти Тоҷикистон: «Дар 25 соли охир ба рушди иқтисоди мамлакат 760 миллиард сомонӣ сармоя равона гардидааст»
Дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе сохтмони як гузаргоҳ ва як пули мошингард оғоз меёбад
Султон Раҳимзода: «Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушди шарикии давлат ва бахши хусусӣ ворид мешавад»
Дар Душанбе ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Соҳибкори сол – 2026» бо ҷоизаҳо қадрдонӣ карда шуданд
Густариши фаъолияти Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи соҳибкорзанони фаъол ба 110 ҳазор нафар расид
«Саноатсодиротбонк» дар номинатсияи «Беҳтарин соҳибкор дар соҳаи бонкдорӣ» ғолиб гардид
Маҷмуи маҳсулоти дохилии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар нуҳ моҳ ба 1,5 миллиард сомонӣ расонида шуд
Дар шаҳри Бангкок густариши ҳамкории Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Форуми ҷаҳонии озуқаворӣ имконоти соҳаи кишоварзии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
MADE IN TAJIKISTAN. Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ муаррифӣ гардид
14 ОКТЯБР–РӮЗИ СОҲИБКОРОН. Соҳибкорон неруи бузургу пешбарандаи иқтисодиёти Тоҷикистон мебошанд






