Кишоварзони шаҳри Ҳисор ба хориҷи Тоҷикистон беш аз 14,5 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот намуданд
ДУШАНБЕ, 08.02.2026/АМИТ «Ховар»/. Кишоварзони шаҳри Ҳисор соли 2025 ба кишварҳои хориҷӣ беш аз 14,5 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот намуданд, ки нисбат ба соли 2024 3 ҳазору 193,3 тонна зиёд мебошад.
Тавре Раиси шаҳри Ҳисор Ҷаббор Носирзода дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод, кишоварзону деҳқонони шаҳри Ҳисор соли 2025 ба хориҷи мамлакат аз ҳама бештар ангур — 11 ҳазору 908 тонна солирот намуданд.
Инчунин 429,3 тонна лимӯ, 359 тонна хурмо, 1 ҳазору 274,1 тонна олу, 56,2 тонна гелос ва 109,5 тонна меваи хушк содирот карда шуд.
Кишоварзони шаҳри Ҳисор соли 2025 ҳамчунин дар ҳаҷми беш аз 1 миллиарду 587 миллион сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол намуданд, ки нисбат ба соли 2024 89 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд
Дар ноҳияи Ҷайҳун сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 250 мегаватт идома дорад
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд






