«MADE IN IRAN». Дар Душанбе Намоишгоҳи миллии Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор мегардад

Февраль 15, 2026 11:30

ДУШАНБЕ, 15.02.2026. /АМИТ «Ховар»/.  Моҳи май дар шаҳри Душанбе Намоишгоҳи миллии Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Намоишгоҳ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо ташаббуси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Эрон  баргузор мегардад. Ҳадаф аз ташкили он муаррифии имкониятҳои иқтисодиву тиҷоратии Ҷумҳурии Исломии Эрон, дастовардҳои илмию фаннӣ ва маҳсулоти рақобатпазири ширкатҳои эронӣ дар бахшҳои энергетика, сохтмон, саноати сабук, кишоварзӣ, саноати хӯрокворӣ ва дорусозӣ мебошад.

Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои пешсафи эронӣ маҳсулот ва хизматрасониҳои худро пешниҳод намуда, имкониятҳои ҳамкориро бо доираҳои соҳибкории Тоҷикистон баррасӣ менамоянд. Баргузории мулоқотҳои дуҷонибаи соҳибкорон (B2B), муаррифии лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва баррасии ташкили корхонаҳои муштарак аз ҷумлаи чорабиниҳои муҳими он хоҳад буд.

Интизор меравад, ки соҳибкорони тоҷик бо намояндагони ширкатҳои эронӣ робитаҳои нави тиҷоратӣ барқарор намуда, барои воридоти технологияҳои муосир ва ҷалби сармоя заминаи мусоид фароҳам оваранд. Ҳамзамон сокинон ва меҳмонони пойтахт метавонанд бо навгониҳои истеҳсолкунандагони эронӣ шинос шуда, молу маҳсулотро бо нархи дастрас харидорӣ намоянд.

Баргузории Намоишгоҳи миллии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Душанбе ба густариши робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, афзоиши гардиши мол байни ду давлат ва таҳкими ҳамкории мутақобилан судманд мусоидат хоҳад кард.

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 15, 2026 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст