МАКТАБИ МАРДОНАГӢ. Волидайни сарбозон ба қисмҳои ҳарбӣ ба дидори фарзандонашон рафтанд

Февраль 19, 2026 14:40

ҲИСОР, 19.02.2026/АМИТ «Ховар»/.  Бахшида ба 33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор падару модарон бо фарзандон — сарбозоне, ки дар сафи Артиши миллии мамлакат хизмат менамоянд, дидорбинӣ намуданд. Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд аз бахши матбуоти Раиси шаҳри Ҳисор иттилоъ доданд.

Волидайн таҳти роҳбарии муовини якуми Раиси шаҳри Ҳисор Сироҷиддин Каримзода ба дидорбинии фарзандонашон- сарбозоне, ки  дар қисмҳои низомии вилояти Хатлон адои хизмат менамоянд, рафта,  бо саломатӣ ва шароити хизмати ҳарбии онҳо шинос шуданд.  Ҳамчунин барои 500 сарбози қисмҳои ҳарбӣ дастурхони идона ороста шуд.

Волидайни сарбозон аз он изҳори хурсандӣ намуданд, ки фарзандонашон дар беҳтарин шароит хизмати Ватан-Модарро адо менамоянд. Барои сарбозон ҷойи хоби муносиб,ошхонаҳои кушоду барҳаво, китобхона ва толорҳои варзишӣ, синфхонаҳои дарсхонӣ ва дигар имконият муҳайё мебошад.

Бо дидани ин шароиту имконият волидони сарбозон  даъват ба амал оварданд, ки дар вазъияти имрӯзаи ҷаҳон ҳар падару модар бояд кӯшиш намояд, ки фарзандашро хуб тарбия карда, барои гузаштан аз ин мактаби мардонагӣ ва ҳифзи Ватан онҳоро ба сафи Артиши миллӣ гусел кунад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор

Февраль 19, 2026 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст