Масоили коркарди дубора ва ивази мавод барои кам кардани хатари партовҳои пластикӣ баррасӣ гардид

Февраль 19, 2026 14:00

ДУШАНБЕ, 19.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Воситаҳои муосир ва ҳамаҷонибаи идоракунии партовҳои пластикӣ дар Тоҷикистон» ҳамоиш доир гардид, ки зимни он таҷрибаҳои пешрафта дар самти ҷамъоварӣ, коркарди дубора ва иваз кардани мавод барои кам  кардани хатари партовҳои пластикӣ баррасӣ карда шуданд.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки ҳамоиш дар доираи Лоиҳаи «Идоракунии партовҳои пластикӣ дар минтақаҳои ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда» баргузор гардид. Он ҷузъи татбиқи уҳдадориҳои байналмилалии мамлакат  оид ба конвенсияҳои Базел, Роттердам ва Стокголм мебошад. Дар ҳамоиш намояндагони ниҳодҳои давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шарикони байналмилалӣ ҷамъ омаданд.

Дар ҳамоиш масъалаҳои «Роҳбарӣ ва иштироки занон дар бахши идоракунии партовҳои пластикӣ», «Хатар ба саломатӣ аз маводи кимиёвии таркиби пластика бо тамаркуз ба таъсир ба занон ва кӯдакон», «Истифодаи ҳаррӯзаи маводи пластикӣ ва фарқият дар тарзи истеъмол» ва «Таҷрибаҳои пешрафта дар ҷамъоварӣ, коркарди дубора ва иваз кардани мавод барои кам кардани хатарӣ партовҳои пластикӣ» баррасӣ гардиданд.

Ин ҳамоиш қадами муҳим ба сӯи таҳияи харитаи роҳ барои Тоҷикистон аст, ки стратегияҳои  идоракунии партовҳоро ба таври фарогир, устувор ва ба ниёзҳои ҷомеа ҷавобгӯ таъмин мекунад.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 19, 2026 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд
Дар ноҳияи Ҷайҳун сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 250 мегаватт идома дорад
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид