Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи соҳаи кишоварзӣ дар Ҳисор, Турсунзода ва Шаҳринав шинос шуд

Февраль 26, 2026 14:53

           ДУШАНБЕ,  26.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Муовини Сарвазири Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода бо мақсади шиносоӣ бо вазъи воқеии боғу токзор, парвариши зироат дар гармхонаҳо, ҳолати омодагии низоми обёрикунӣ ва пойгоҳҳои обкашӣ барои таъмини оби полезӣ ва омодагии  кишоварзон ба мавсими кишту  кори баҳорӣ аз хоҷагиҳои кишоварзии шаҳру ноҳияҳои Ҳисор, Турсунзода ва Шаҳринав боздид намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои Ҳисор, Турсунзода ва Шаҳринав иттилоъ медиҳад.

Муовини Сарвазири Тоҷикистон ва аъзои гурӯҳи корӣ бо кишоварзони шаҳру ноҳияҳои Ҳисор, Турсунзода ва Шаҳринав суҳбат намуда, барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳи ҳосилнокии зироат ва боғу токзор ба кишоварзон маслиҳатҳои муфид ва тавсияҳо дод. Сулаймон Зиёзода зимни шиносоӣ бо майдони боғу токзор, саҳрои хоҷагиҳо ва иштирок дар маъракаи кишти картошка оид ба кишту кор дар заминҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ, масъалаҳои таъминот бо тухмии босифат, нуриҳои минералӣ, техникаи кишоварзӣ ва истифодаи самараноки захираҳои обу замин суҳбат намуд.

Аъзои гурӯҳи корӣ ҳамзамон бо  омодагии пойгоҳҳои обкашӣ дар ин шаҳру ноҳияҳо шинос гардид ва ба роҳбарияти Агентии давлатии беҳдошти замин барои таъмиру барқарор намудани пойгоҳҳои обкашӣ ва насби насосҳои ба талабот ҷавобгӯ дастурҳои мушаххас дода шуд. Ҳамзамон ба масъулини хоҷагиҳои кишоварзӣ барои боз ҳам рушд додани соҳаи кишоварзӣ, риояи қоидаҳои агротехникӣ, баланд бардоштани ҳосилнокӣ, истифодаи самараноки ҳар қитъаи замин, саҳм гузоштан дар таъмини  амнияти озуқворӣ ва иҷрои босифати дурнамои кишоварзӣ  тавсия ва маслиҳатҳои муфид пешниҳод карда шуд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои Ҳисор, Турсунзода ва Шаҳринав     

Февраль 26, 2026 14:53

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ ТОҶИКИСТОН — РАМЗИ ОЗОДӢ, ШАРАФ ВА ИФТИХОРИ МИЛЛАТ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Дар Душанбе ҳамкории молиявии байналмилалӣ баррасӣ шуд
Байни сохторҳои мониторинги молиявии Тоҷикистону Русия ду санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар доираи COP31 Тоҷикистон, Умон ва Непал роҳҳои ҳалли мушкилоти обу иқлимро баррасӣ карданд
Соли 2027 дар гузаргоҳи гумрукии ноҳияи Спитамен сохтмон ва насби таҷҳизоти сканкунии борҳо оғоз мегардад
Ҷаласаи 45-уми пленарии Гурӯҳи Авруосиё ба таъмини амнияти иқтисодию молиявӣ мусоидат менамояд
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди вазирони Осиёи Марказӣ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе беш аз 3,5 кило маснуоти тиллоӣ мусодира карда шуд
Фонди иқлими сабз барои рушди соҳаи тандурустии Тоҷикистон 2 миллион доллар ҷудо менамояд
Лоиҳаи «Барномаи нави саноатикунонии босуръати Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» таҳия гардидааст
Масъалаҳои баргузории Форуми B5+1 дар Душанбе баррасӣ шуданд
Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ оид ба мубориза бо биёбоншавӣ пешниҳод намуд, ки соли 2027 миссияи техникӣ ташкил карда шавад