Нишасти Кумитаи пайгирии иҷрои Протоколи Комиссияи муштараки Тоҷикистону Эрон баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 25.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Нишасти Кумитаи пайгирии иҷрои муқаррароти Протоколи ҷаласаи 17-уми Комиссияи муштараки Тоҷикистону Эрон оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ, илмӣ ва фарҳангӣ бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои Тоҷикистон ва Эрон дар қолаби маҷозӣ баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар ҷараёни нишаст фаъолияти ҷонибҳо оид ба иҷрои бандҳои Протоколи ҷаласаи 17-уми Комиссия, ки моҳи майи соли 2025 дар шаҳри Шерози Ҷумҳурии Исломии Эрон ба имзо расида буд, мавриди баррасӣ ва арзёбии муфассал қарор гирифт.
Таъкид гардид, ки татбиқи саривақтӣ ва босамари тавофуқоти бадастомада дар доираи Комиссия ба тақвияти робитаҳои иқтисод ва густариши ҳамкории техникӣ замина мегузорад.
АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон








Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд






