НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Кишоварзони ноҳияи Лахш соли 2025 беш аз 111 ҳазор тонна картошка истеҳсол намуданд

Февраль 2, 2026 11:20

ЛАХШ, 02.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Мувофиқи ҳисоботи оморӣ, сокинони ноҳияи Лахш соли 2025 дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ, яъне дар заминҳои наздиҳавлигӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва заминҳои хоҷагии ёрирасон дар 5507 гектар картошка кишт намуданд. Кишоварзони ноҳия тавассути меҳнати зиёд, мусоид омадани боду ҳаво, сари вақт бо оби полезӣ таъмин намудану риояи қоидаҳои агротехникӣ 111 ҳазору 023 тонна картошка истеҳсол намуданд. Қисми зиёди ин картошкаро соҳибкорон ба бозорҳои мамлакат ворид намуданд. Ин матлабро Раиси ноҳияи Лахш Каромиддин Холзода зимни нишасти матбуотӣ баён дошт.

Иброз гардид, ки соли 2025 ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳия ба 586,8 миллион сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба соли 2024 22,1 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Тавре дар нишасти матбуотӣ гуфта шуд, барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни бузурги 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Лахш бунёди 124 иншооти дорои аҳамияти гуногун ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз 81 иншоот мавриди истифода қарор гирифта, дар 43 иншооти боқимонда сохтмон ва лоиҳакашӣ идома дорад. Ҳоло корҳои сохтмонӣ дар биноҳои Қасри фарҳанг, мактаби мусиқии ноҳия, шуъбаи маориф, бинои маъмурии мақомоти адлия, Маркази бехатарии озуқаворӣ, бинои шабакаҳои барқии ноҳия, бинои муассисаи таълимии №9 ва таҷдиду азнавбарқароркунии каналҳои обрасони Пиёзӣ, Ғулама, пойгоҳҳои обкашии Хингсой, Корвонгузар, Бушолон, Сафеддорак, Пилдон ва кашидани хати оби нӯшокӣ дар деҳаи Лолазори Ҷамоати деҳоти Пилдон идома доранд.

Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 2, 2026 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд