Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд

Февраль 25, 2026 11:46

ДУШАНБЕ, 25.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. 25 феврал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кадрҳое, ки дар вазоратҳои адлия, фарҳанг, мақомоти Прокуратура, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Палатаи ҳисоб ва дигар мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаҳои роҳбарӣ таъин гардиданд, мулоқот намуданд.

Бо Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини якум ва муовини вазири адлия, муовини вазири фарҳанг, сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби кадрҳои соҳибтаҷриба ва мутахассисони варзида таъин гардиданд.

Дар асоси банди 8 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Бобохонзода Асомуддин бо сабаби ба кори дигар гузаштан» ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур карда шуд.

Мутобиқи моддаи 20 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудан ва ба вазифаи муовини Раиси Палатаи ҳисоб таъин намудани Аҳмадзода Шуҳрат Аҳмад, дар бораи ба вазифаи сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Маҳмадшарифзода Парвиз Маҳмадшариф ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардиданд.

Дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сардорони як қатор раёсатҳои Прокуратураи генералӣ, Прокуророни ноҳияҳои Ванҷу Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ноҳияҳои Ҳамадонӣ ва Ховалинги вилояти Хатлон, шаҳри Бӯстон, ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов ва Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд, сардорони шуъбаҳои Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар як қатор шаҳру ноҳияҳои кишвар, сардорони раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаҳои Кӯлоб ва Рашт иваз карда шуданд.

Зимни суҳбат Сарвари давлат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди онҳо доир ба суръат бахшидан ба раванди рақамикунонӣ ва гузаштан ба пардохтҳои ғайринақдӣ, тарғибу ташвиқи фарҳанги волои миллӣ, пешгирӣ аз хурофот, мубориза бо ҷинояткорӣ, аз ҷумла ҷиноятҳои коррупсионию гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, таъмини адолати судию волоияти қонун ва муомилаи хуб бо мардум вазифаҳои мушаххас гузоштанд.

Таъкид гардид, ки ҳар яки онҳо ва умуман ҳамаи хизматчиёни давлатӣ бояд бо риояи қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ, оинномаву низомномаҳои соҳавӣ, одобу ахлоқи ҳамида, ҳисси баланди ватандӯстӣ ва худшиносию худогоҳӣ дар ҷомеа намунаи ибрат бошанд.
Таъиноти кадрӣ 25.02.2026

Февраль 25, 2026 11:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе барои бунёди калонтарин Маҷмааи хизматрасонӣ сангӣ асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони сохторҳои қудратӣ ва низомӣ мукофотҳои давлатӣ ва унвону рутбаҳои махсус супориданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Маркази хизматрасонии «Аҳмадҷон»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Муассисаи таълимии ғайридавлатии таҳсилоти миёнаи умумии «Имкон»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳо дар қолаби СҲШ+ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои Сарони давлатҳои СҲШ таҳти унвони «25 соли СҲШ: таҳкими субот, густариши ҳамкорӣ барои рушди ояндаи муштарак» иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои ҷаҳонии кӯчманчиён иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш мулоқот намуданд