Раҳмон Исломиддин: «Таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ омили асосии пойдории давлат ва рушди ҷомеа мебошад»
ДУШАНБЕ, 13.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ барои мардуми Тоҷикистон имкони нодир фароҳам овард, то арзишҳои миллии худро эҳё ва таҳким бахшад. Дар ин раванд худшиносиву худогоҳии миллӣ ҳамчун омили муттаҳидсозандаи ҷомеа нақши ҳалкунанда бозид. Маҳз тавассути эҳёи забони давлатӣ, ҷашнҳои миллӣ, суннатҳои фарҳангӣ ва гиромидошти шахсиятҳои таърихӣ пояҳои давлатдории миллӣ қавӣ гардиданд.
— Худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ яке аз омилҳои муҳими пойдории давлат ва пешрафти ҷомеа ба ҳисоб меравад. Миллате, ки таърих, фарҳанг, забон ва арзишҳои худро мешиносад ва эҳтиром мекунад, метавонад дар шароити ҷаҳонишавӣ мавқеи устувори худро ҳифз намояд. Аз ин рӯ, таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ вазифаи муҳимми ҳар шаҳрванд мебошад. Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таърихи чандҳазорсола, фарҳанги пурғановат ва арзишҳои маънавии устувор дорад, худшиносии миллӣ на танҳо рукни муҳими давлатдорӣ, балки омили асосии суботи ҷомеа ва рушди устувор ба ҳисоб меравад.
Худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба хотираи таърихии миллат яке аз шартҳои асосии ҳифзи ваҳдат ва соҳибихтиёрии мамлакат аст. Миллате, ки ба гузаштагонаш арҷ мегузорад ва панди онҳоро сармашқи кораш мекунад, дар ҳама арсаҳои ҳаёт муваффақ мегардад. Бо ин мақсад яке аз самтҳои муҳими фаъолияти давлатдории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба эҳёи худшиносии миллӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои фарҳангӣ бахшида шудааст. Эҳёи ҳунару анъана ва ҷашнҳои миллӣ, аз қабили Наврӯз, Меҳргон, Сада, Тиргон ва мақоми расмӣ додан ба ин арзишҳои нодири фарҳангӣ хидмати бузургу беназири ин шахсияти таърихсоз мебошад. Ин иқдом на танҳо арзишҳои фарҳангиро эҳё намуд, балки ҳисси ифтихори миллӣ ва ваҳдати маънавиро дар мамлакат тақвият бахшид.
Дар ин баробар, ба таърихи давлатдории тоҷикон низ таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид. Ҷашнҳои 1100-солагии аввалин давлати мутамаркази тоҷикон – Сомониён, 2500-солагии шаҳри Истаравшан, 2700-солагии шаҳри Кӯлоб, 3000-солагии Ҳисори шодмон, 5500-солагии Саразми бостонӣ намунаи равшани арҷгузорӣ ба мероси таърихии миллат ва таҳкими ҳувияти миллӣ буданд, ки ҳисси ватандӯстӣ ва эҳтироми мардумро нисбат ба гузаштагон густариш доданд.
Бо назардошти муҳиммияти масъала Президенти Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ соли 2026-ро Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ эълон намуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ормони ҳазорсолаи миллати тоҷикро ҳимоя намуда, давлати миллии тоҷиконро эҳё карданд, ки ин бузургтарин саодат, баландтарин иқбол ва беҳтарин хушбахтӣ барои миллати тоҷик мебошад. Пешвои миллат борҳо таъкид намудаанд, ки «худшиносиву худогоҳии миллӣ пояи асосии ҳастии миллат ва кафили пойдории давлати соҳибистиқлол мебошад». Ин нукта баёнгари он аст, ки бе эҳсоси амиқи мансубият ба миллат ва давлат рушди ҳамаҷонибаи ҷомеа ғайриимкон аст.
Худшиносии миллӣ ифодаи шинохти решаҳои таърихӣ, забон, фарҳанг, арзишҳои маънавӣ ва суннатҳои миллат мебошад. Ин мафҳум дар худ эҳсоси ифтихор аз гузашта, дарки воқеии имрӯз ва масъулият барои ояндаро муттаҳид месозад. Худогоҳии миллӣ зинаи баланди худшиносӣ буда, шаҳрвандро ба ҳифзи манфиатҳои миллӣ, ваҳдат ва Истиқлоли давлатӣ раҳнамун месозад. Дар ин робита Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ 16 декабри соли 2025 ба маврид таъкид намуданд, ки «миллате, ки таърих, фарҳанг ва арзишҳои худро намешиносад, наметавонад дар арсаи ҷаҳонӣ ҷойгоҳи шоиста пайдо кунад».
Ин андеша нишон медиҳад, ки худшиносӣ омили рақобатпазирии миллат дар ҷаҳони муосир низ мебошад.
Таҷрибаи солҳои соҳибистиқлолӣ собит намуд, ки худшиносии миллӣ заминаи асосии ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат мебошад.
Дар шароити ҷаҳони иттилоотӣ ҷавонон бештар зери таъсири фарҳанг ва андешаҳои гуногун қарор доранд. Аз ин лиҳоз, таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ дар байни ҷавонон вазифаи аввалиндараҷа мебошад. Тарбияи ватандӯстӣ, баланд бардоштани маърифати сиёсӣ ва ҷалби ҷавонон ба корҳои созанда имкон медиҳад, ки онҳо худро идомадиҳандаи арзишҳои миллӣ эҳсос кунанд ва дар ин замина Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ чунин баён доштанд: «Ҷавонон ояндаи миллатанд ва тақдири давлат ба сатҳи худшиносиву маърифати онҳо вобаста аст».
Метавон гуфт, ки таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ яке аз масъалаҳои калидии рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ин раванд бояд пайваста, ҳадафманд ва дар асоси сиёсати давлатии фарҳангиву маърифатӣ амалӣ гардад. Танҳо бо доштани худшиносии баланд, эҳсоси масъулият ва ифтихор аз давлатдории миллӣ ҷомеа метавонад ба пешрафти устувор ноил гардад.
Раҳмон ИСЛОМИДДИН,
директори Агентии «Тоҷикстандарт»
АКС: АМИТ «Ховар»/Агентии «Тоҷикстандарт»








Рустами Эмомалӣ: «Бо ташаббуси Пешвои миллат таҳқиқ ва омӯзиши тамаддуни ориёӣ ба сатҳи нави илмӣ бароварда шуд»
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои ба одати доимӣ табдил ёфтани машқи пагоҳирӯзӣ чӣ бояд кард?
Роҳҳои муассири мубориза бо чангу ғубор кадомҳоянд?
ИМРӮЗ — ЗОДРӮЗИ САДРИДДИН АЙНӢ. Осори Устод Айнӣ ҳамчун сарчашмаи муҳими илмӣ ва фарҳангӣ истифода мешавад
Чангу ғубор сабаби авҷи кадом бемориҳо мегардад?
ПОЙТАХТ – ОИНАИ ДАВЛАТДОРӢ. Ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе бахшида мешавад
АЙНИШИНОСЕ ПУРТАЛОШ АЗ КИШВАРИ ҲАМЗАБОН. Эҳдо ба зодрӯзи сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ
Чаро дар чарогоҳҳо ва заминҳои лалмии Тоҷикистон ҳашароти зараррасон бештар гардидааст?
РӮЗИ ИЛМ. Маҳз тавассути илму дониш инсон метавонад ба қуллаҳои нави камолоту муваффақият ноил гардад
СИМПОЗИУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ХУТАЛИ ҚАДИМ. Он таърих ва фарҳанги бостонии халқи тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — ОФТОБИ МУҲАББАТИ МИЛЛАТ ВА БУНЁДГУЗОРИ НЕРУГОҲИ «РОҒУН»
Кишти зериплёнкавии пунбадона аз усулҳои муосири агротехникӣ ба ҳисоб меравад






