Роҳҳои татбиқи механизми муосири гармидиҳӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 04.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. 3 феврал дар Душанбе бо ташаббуси Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Бонки ҷаҳонӣ дар мавзуи «Барномаи сармоягузорӣ барои роҳҳои ҳалли устувор дар бахши гармидиҳӣ дар Тоҷикистон» конфронс баргузор гардид.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои об хабар медиҳад, дар конференсия намояндагони вазорату идораҳо, корхонаҳои энергетикӣ ва шарикони рушд иштирок намуданд.
Вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа иброз дошт, ки дар айни замон дар шаҳри Душанбе ду маркази барқу гармидиҳӣ фаъолият доранд. Мақсад аз истифодаи онҳо бо энергияи гармӣ таъмин намудани хоҷагии халқи пойтахти ҷумҳурӣ ва ба ин васила кам кардани талабот ба неруи барқ дар давраи тирамоҳу зимистон ба ҳисоб меравад.
Иштирокчиёни конференсия роҳҳои татбиқи механизмҳои муосири гармидиҳӣ дар шаҳрҳои дигари ҷумҳурӣ, имкони гузариш ба манбаъҳои самаранок ва устувори гармидиҳӣ, ҳамчунин таъсири он ба коҳиши сарбории шабакаҳои барқӣ ва истифодаи самараноки захираҳои мавҷударо муҳокима намуданд.
АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад






