Сафири Тоҷикистон бо Вазири сайёҳӣ ва осори бостонии Миср мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 17.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср Парвиз Мирзозода бо Вазири сайёҳӣ ва осори бостонии Миср Шариф Фатҳӣ Атийя мулоқот намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Тоҷикистон дар Миср хабар доданд, ҷонибҳо бо ишора ба рушди робитаҳо дар солҳои охир ва афзоиши рафтуомад байни Тоҷикистону Миср, ҳарчӣ зудтар омода ва имзо намудани Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳиро, ки дар баррасии Миср аст, муҳим шумориданд.
Дар мулоқот лоиҳаи Ёддошти тафоҳум байни осорхонаҳои ду давлат, ки он ҳам дар баррасии ҷониби мисрӣ қарор дорад, муҳокима карда шуд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср








Сафири Тоҷикистон дар Русия бо ҷавонон ва донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Санкт-Петербург мулоқот намуд
Дар Женева дурнамо ва рушди ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ баррасӣ шуд
Сафири Тоҷикистон бо Губернатори Санкт – Петербург мулоқот намуд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Сомонаи расмии Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028» фаъол гардид
Барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» бақайдгирӣ оғоз ёфт
Дар Қоҳира ҳамкорӣ байни ширкатҳои Тоҷикистону Миср баррасӣ гардид
Дар Душанбе Ҷаласаи навбатии Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои узви СҲШ доир мегардад
Сафири Тоҷикистон бо муовини якуми Раиси Бонки марказии Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея бо мудири иҷроияи AFoCO мулоқот намуд
Дар Боку тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар соҳаи воситаҳои ахбори омма баррасӣ гардид
Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия Рӯзи Модар таҷлил гардид






