SIM ё eSIM: чаро муштариён кортҳои электрониро интихоб мекунанд
ДУШАНБЕ, 25.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. eSIM тадриҷан дар дастгоҳҳои мобилӣ ҷойи симкортҳои маъмулии воқеиро мегирад. Сабаби он муносибӣ ва бехатарии кортҳои электронӣ ба ҳисоб меравад. Бартариҳои технология ва тарзи пайваст кардани eSIM-ро хотиррасон мекунем.
Кортҳое, ки намешикананд
eSIM-ҳо микросхемаҳои дар смартфон васлшуда мебошанд. Онҳоро ҳангоми аз нав фаъол кардан дар дигар дастгоҳ гирифтан зарур нест, пас ин маънои онро дорад, ки онҳо намешикананд ва гум ҳам намешаванд. Илова бар ин, метавон шаклҳои гуногунро фаромӯш кард: eSIM ҷойи дилхоҳ SIM-корт – пурраҳаҷм, хурд, микро ё нано SIM-кортҳоро мегирад.
Якчанд рақам – як дастгоҳ
Бо eSIM ҷудокунии алоқаи шахсӣ ва корӣ ё истифодаи рақамҳои иловагӣ бе насби SIM-корти дуюм осон аст. Ин барои корбарони фаъол хеле мувофиқ аст.
Як корт барои тамоми ҷаҳон
Бо корти электронӣ ҳатто дар хориҷи ҷумҳурӣ дигар ҷустуҷӯи SIM-ҳои маҳаллӣ зарур намеояд. Танҳо боргирӣ кардани профили нав бо сканкунии QR-рамз кофӣ аст.
Технологияи оянда барои дастгоҳҳои ҳушманд
Қариб дар ҳама моделҳои муосири смартфонҳо технологияи eSIM дастрас аст ё онҳо аллакай пурра ба кортҳои электронӣ нигаронида шудаанд — ба монанди iPhone 14. Имконияти истифодаи eSIM-ро дар танзимоти телефон ё дар сомонаи ширкати «МегаФон Тоҷикистон» санҷидан мумкин аст. Аммо eSIM дар дигар гаджетҳое, ки дорои слотҳо барои кортҳои воқеӣ нестанд, истифода бурда мешавад: ноутбукҳо, планшетҳо, соатҳои доно.
eSIM-ро чӣ тавр пайваст кардан мумкин аст
Дар ҷумҳурии мо ширкати «МегаФон Тоҷикистон» аввалин шуда, технологияи eSIM-ро ҷорӣ кард. Оператор ба муштариён ду усулро пешниҳод менамояд: пайвасткунӣ дар идораҳои хизматрасонӣ (ҳангоми доштани шиноснома ва смартфон) ва онлайн – тавассути замимаи мобилии «МегаФон Life». Усули дуюм махсусан муносиб аст: eSIM-ро дар дилхоҳ ҷой фаъол кардан мумкин аст. Дар замима қисми «Мушовир ва чатҳо»-ро бояд интихоб кард, мавзуи муроҷиатро «eSIM» нишон дода, дастурҳои мутахассисро риоя кардан зарур аст.
Ҳангоми фаъолгардонии eSIM барои мушаххаскунӣ заруранд:
— акси шиноснома (аз ду тараф);
— селфи бо ҳуҷҷат;
— тасдиқкунии шахсият тавассути SMS-рамз.
Баъди санҷидани маълумот ба рақами муштарӣ суроға барои фаъолгардонии eSIM ворид мегардад.
Арзиши он чӣ қадар аст
Барои муштариёни нави ширкати «МегаФон Тоҷикистон» пайвасткунии аввалини eSIM ройгон мебошад – ин амалро ҳангоми бақайдгирӣ дар шабакаи оператор анҷом додан мумкин аст. Пардохт дар ҳаҷми 10 сомонӣ танҳо ҳангоми гузаштан аз SIM-корти воқеӣ ба eSIM, инчунин ҳангоми ивази рақам ё истифодаи eSIM дар дигар дастгоҳ гирифта мешавад.
Алоқаи мобилӣ тағйир меёбад – ба имконияти нав аллакай имрӯз пайваст шавед!
АКС: ширкати МегаФон Тоҷикистон








Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид






