Соли 2025 дороиҳои «Амонатбонк» 11 миллиард сомонӣ ва уҳдадориҳояш 9,9 миллиард сомониро ташкил дод
ДУШАНБЕ, 13.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дороиҳои «Амонатбонк» соли 2025 11 миллиард сомонӣ ва уҳдадориҳояш 9,9 миллиард сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2024 мутаносибан 26 ва 28 фоиз зиёд мебошанд.
Раиси Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Алиҷон Салимзода дар нишасти матбуотӣ зимни натиҷагирии фаъолияти «Амонатбонк» гуфт, ки пардохтпазирии бонк дар сатҳи зарурӣ нигоҳ дошта шуда, маблағҳо сари вақт ба ҳисобҳои дахлдор гузаронида шуданд.
Бо дахли сармояи бонк гуфта шуд, ки соли 2025 сармояи «Амонатбонк» ба 1,1 миллиард сомонӣ расид, ки нисбат ба соли 2024 10 фоиз афзоиш ёфтааст. Фоидаи софи бонк 150 миллион сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба соли 2024 7 фоиз зиёд мебошад.
Инчунин таъкид гардид, ки «Амонатбонк» аз рӯи фаъолият 124,6 миллион сомонӣ андозу пардохтҳои ҳатмиро ба Буҷети давлатӣ пардохт намудааст, ки нисбат ба соли 2024 12 фоиз зиёд мебошад.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
МАЪРИФАТИ МОЛИЯВӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ Фестивали саводнокии молиявӣ гузаронида шуд
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд






