Соли 2025 омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ беш аз 5 ҳазор нафар зиёд шуданд
ДУШАНБЕ, 01.02.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар соли таҳсили 2025-2026 9178 нафар омӯзгор дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба кор қабул гардиданд, ки дар маҷмуъ, теъдоди омӯзгорон нисбат ба соли таҳсили 2024-2025 5 ҳазору 384 нафар зиёд шудааст. Дар ин хусус 30 январ зимни нишасти матбуотӣ Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Раҳим Саидзода афзуд, ки бо мақсади таъмини муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо омӯзгорони ҷавон фармоиши Вазири маориф ва илм аз 3 январи соли 2025 «Дар бораи тақсимоти мутахассисони ҷавон дар соли 2025» ба тасвиб расид.
«Дар асоси тақсимот ба 2439 хатмкардаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, аз ҷумла 533 нафар тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳхати Вазорати маориф ва илм барои ба ҷойи кор таъмин гардидан дода шуд. Аз ин теъдод 248 нафар ба муассисаҳои таълимии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, 975 нафар ба муассисаҳои таълимии вилояти Хатлон, 635 нафар ба муассисаҳои таълимии вилояти Суғд, 196 нафар ба муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе ва 385 нафар ба муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ рост меояд», -гуфт Раҳим Саидзода.
Ҳамзамон иттилоъ дода шуд, ки аз ҳисоби донишҷӯёни курсҳои 4 ва 5-и муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ 1944 донишҷӯ ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ҷалб гардид.
«Қабули омӯзгорон аз ҳисоби омӯзгорони собиқадор, аз рухсатии нигоҳубини кӯдак баргашта, хатмкардагони гурӯҳҳои фосилавӣ ва шартномавии муассисаҳои таҳсилоти касбӣ бо роҳхати Кумита оид ба таҳсилоти миёна ва ибтидоии касбӣ 7496 нафарро дар бар мегирад», -гуфт Вазири маориф ва илм.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории давраи сеюми имтиҳонҳои дохилшавиро эълон намуд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва Муассисаи фарҳангии АКК Созишнома оид ба омӯзиши забони ҷопонӣ ба имзо расид
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 баргузор мегардад
Дар Душанбе доир ба ташаккули маърифати зиддикоррупсионӣ ҳамоиш баргузор гардид
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соҳиби аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Кӯлоб муассисаи таълимӣ баъди таъмиру навсозӣ ба истифода дода шуд
Донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар Олимпиадаи байналмилалӣ оид ба бехатарии молиявӣ иштирок намуданд






