ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 феврал, шанбе, 45-умин рӯзи соли 2026 аст
14 феврали соли 2012 дар шаҳри Душанбе масоили ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 2015 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шурои генералии иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
***
14 феврали соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ бо фаъолияти Корхонаи муштараки «AKIA AVESTO» шинос шуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2018 гӯштингири тоҷик, чемпиони ҷаҳон дар соли 2017 Беҳрӯз Хоҷазода дар раддабандии самбочиёни ҷаҳон мақоми дуюмро касб намуд.
***
14 феврали соли 2019 дар бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷаласаҳои Гурӯҳи махсуси корӣ ва Кумитаи кормандони аршади давлатҳои аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) таҳти раисии ҷониби Тоҷикистон доир шуданд.
***
14 феврали соли 2020 дар Душанбе корҳои омодагӣ барои таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз-2020 оғоз гардиданд.
***
14 феврали соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Олмон муҳтарам Франк-Валтер Штайнмайер ба муносибати муҷаддадан интихоб гардиданаш ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Федеративии Олмон барқияи табрикӣ ирсол намуданд.
***
14 феврали соли 2023 дар назди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон кафедраи ҳарбӣ таъсис дода шуд.
14 ФЕВРАЛ:
Рӯзи байналмилалии ҳадяи китоб.
***
Рӯзи паҳн кардани иттилоот дар бораи бемории модарзодии дил.
РӮЙДОДҲО:
Дар ин рӯзи соли 1992 дар мулоқоти роҳбарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Минск «Баённома дар бораи принсипҳои ҳамкорӣ» қабул гардида, Шурои вазирони мудофиаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Шурои неруи барқи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таъсис дода шуданд.
***
14 феврали соли 2012 дар шаҳри Куала-Лумпур қуръакашии даври интихобии дастаҳои мунтахаби ҷавонони Чемпионати Осиё (U-22) баргузор гардид. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «С» ҷойгир шуда, дастаҳои Баҳрайн, Эрон, Қатар, Кувайт ва Молдова рақибонаш гардиданд.
***
Соли 2005 домени интернетии www.youtube.com фаъол карда шуд. Моҳи январи соли 2012 шумораи тамошобинони видеоҳои он ба 12 миллиард нафар расид.








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 феврал, ҷумъа, 44-умин рӯзи соли 2026 аст






