ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 феврал, душанбе, 47-умин рӯзи соли 2026 аст
16 феврали соли 2005 Ҷамъияти саҳомии муштараки Русия ва Тоҷикистон — Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда – 1» таъсис ёфт.
***
16 феврали соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми Президенти Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд.
***
16 феврали соли 2010 палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Конвенсияи Созмони ҳамкории Шанхай барои мубориза бо терроризмро, ки яке аз ҳуҷҷатҳои муҳими давлатҳои аъзои созмон мебошад, ба тасвиб расонид.
***
16 феврали соли 2012 Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла таъмини саривақтии нафақа машварати корӣ доир намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2015 дар шаҳри Душанбе машварати Тоҷикистон ва Кувайт оид ба масъалаҳои рушди туризми байналмилалӣ доир шуд.
***
16 феврали соли 2017 дар шаҳри Душанбе Форуми тиҷоратии доираҳои соҳибкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия баргузор гардид.
***
16 феврали соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо корҳои сохтмонӣ дар Майдони «Истиқлол» шинос шуданд.
16 ФЕВРАЛ:
Рӯзи байналмилалии идоракунии иттилоот.
***
Рӯзи барқарорсозии давлати Литва.
РӮЙДОДҲО:
16 феврали соли 1903 нахустин маротиба фарфор барои пурра намудани дандонҳо истифода гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 1918 Ҷумҳурии Куба истиқлолият ба даст овард.
***
Дар ин рӯзи соли 1968 аввалин маротиба дар таърихи истифодаи телефон рақами хадамоти кумакрасонии фавқулода – 911 ба истифода дода шуд.
***
16 феврали соли 1992 дар раъйпурсии Швейтсария аксарияти аҳолӣ бар зидди манъи истифодаи ҳайвонҳо барои таҷрибаи тиббӣ овоз доданд.








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 феврал, якшанбе, 46-умин рӯзи соли 2026 аст






