ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 феврал, ҷумъа, 51-умин рӯзи соли 2026 аст
20 феврали соли 2002 дар Брюссел санад оид ба ҳамроҳ шудани Тоҷикистон ба барномаи «Ҳамкорӣ ба хотири сулҳ» — и Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ ба имзо расид.
***
20 феврали соли 2012 дар Лондон ҷамъомади ҷамъияти Британия ва Тоҷикистон баргузор гардид.
***
20 феврали соли 2013 дар шаҳри Душанбе маҷмуи васеи масоили вобаста ба ҳамкории бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Амрико баррасӣ шуд.
***
20 феврали соли 2013 вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ипотека» тағйиру иловаҳо ворид намуданд.
***
20 феврали соли 2014 дар шаҳри Душанбе зимни мулоқоти Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ Николай Бордюжа масоили ҳамкорӣ дар доираи ин созмон ва мавзуъҳои минтақавию ҷаҳонӣ баррасӣ шуд.
***
Соли 2015 дар шаҳри Душанбе намоиши молҳои Ҳиндустон доир гардид.
***
20 феврали соли 2017 дар шаҳри Душанбе масоили вобаста ба алоқаи байнифарҳангии Тоҷикистон ва Русия муҳокима карда шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2017 дар шаҳри Душанбе бизнес-форуми доираи соҳибкорони Тоҷикистон ва Британияи Кабир баргузор гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 2019 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо доираи васеи намояндагони воситаҳои ахбори оммаи давлатӣ мулоқот намуданд.
***
20 феврали соли 2020 Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо роҳбари ширкати «Салини Импреҷило» Пиетро Салини мулоқот намуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2024 зимни баргузории иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» тағйирот ворид гардид.
***
20 феврали соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз парваришгоҳи ниҳол ва гулу буттаҳои нодири Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Кишвари сабз» боздид намуданд.
20 ФЕВРАЛ:
Рӯзи ҷаҳонии адолати иҷтимоӣ.
РӮЙДОДҲО
20 феврали соли 1872 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико лифти электрикӣ ихтироъ карда шуд.
***
Соли 2017 воситаҳои ахбори омма хабар доданд, ки телефоне, ки Адолф Гитлер дар раванди Ҷанги дуюми ҷаҳон истифода бурда буд, дар музояда бо арзиши 243 ҳазор доллар (295 ҳазор фунт стерлинг) фурӯхта шуд.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:
Абдуҷалил Воситзода -соли 1929— шоири тоҷик. Корманди хизматнишондодаи маданияти Тоҷикистон (1976).








ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба хонандагони ятими шаҳри Роғун либоси мактабӣ ва лавозимоти хониш тақдим гардид
КИТОБ — МУФИДТАРИН ИХТИРОИ БАШАР. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи китоб аст
Сафири Тоҷикистон бо Вазири энергетика ва маъданҳои Салтанати Умон мулоқот намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
«35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
БАРОИ АЛОҚА, БАРОИ ОДАМОН, БАРОИ ҶУМҲУРӢ. МегаФон Тоҷикистон дар чоряк асри фаъолият чӣ корҳоро анҷом дод?
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи саноати сабук густариш медиҳанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ. Аз Тоҷикистон ба зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон парвозҳо ба роҳ монда шудааст
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1395 нафар занон беш аз 45 миллион сомонӣ грант ҷудо гардид






