ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 феврал, шанбе, 52-юмин рӯзи соли 2026 аст
21 феврали соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маъракаҳои ниҳолшинонии чанд гӯшаи шаҳри Душанбе иштирок ва мардумро ба вусъат додани бунёди боғҳо ва сабзазоркунию ободонии муҳити зист ҳидоят намуданд.
***
21 феврали соли 2010 дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия шоҳмотбози тоҷик Муҳаммад Ҳусейнхоҷаев дар даври 5-уми мусобиқаи «Aeroflot Open 2009» шоҳмотбози арманӣ Вахе Багдасянро мағлуб кард.
***
Дар ин рӯзи соли 2012 дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия маросими ботантанаи ифтитоҳи Маркази фарҳангии Тоҷикистон «Хайём» баргузор гардид.
***
21 феврали соли 2012 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Узбекистон оид ба деморкатсия ва делимитсияи сарҳади давлатӣ баргузор гардид.
***
21 феврали соли 2012 дар муҳокимаи парлумонии палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттифоқҳои қарзӣ» баррасӣ карда шуд.
***
21 феврали соли 2013 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи бознигарии солонаи машваратҳои сиёсӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баргузор шуд.
***
21 феврали соли 2017 дар Ҳиндустон Фестивали 19—уми байналмилалии «Бхарат Ранг Махотсав» («Bharat Rang Mahotsav»), ки аввали моҳи феврал оғоз гардид, ба анҷом расид. Дар фестивали бонуфуз дар байни дигар иштирокдорон аз 20 давлати дунё намояндагони Тоҷикистон – ҳунармандони Театри давлатии мусиқӣ- драмавии ба номи Туҳфа Фозиловаи шаҳри Конибодом иштирок намуданд.
***
21 феврали соли 2018 масоили марбут ба ҳамкории байниҳукуматии Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи кишоварзӣ дар Душанбе баррасӣ гардид.
***
21 феврали соли 2018 дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори таҷлили 25-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон як гурӯҳ хизматчиёни ҳарбиро барои хизмати намунавии ҳарбӣ, саҳми арзанда дар таҳкими артиши миллӣ ва ҷасорату фидокорӣ бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои навбатии ҳарбӣ сарфароз гардониданд.
***
21 феврали соли 2019 дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намудҳои халтачаҳои наврӯзӣ тасдиқ гардиданд. Халтачаҳои наврӯзӣ, ки барои туҳфаҳо пешбинӣ шудаанд, бо шаклу дизайни гуногун таҳия шуда, дар онҳо рамзу ангораи Наврӯзи соли 2019 тасвир ёфтааст.
***
21 феврали соли 2020 Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паради ҳарбӣ ба ифтихори 27-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
***
21 феврали соли 2023 дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори таҷлили 30-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон як гурӯҳ хизматчиёни низомии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барои хизмати намунавӣ ва саҳми арзанда дар таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон, мубориза бо ҷинояткорӣ, нигоҳдории тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи сарҳади давлатӣ ва ҷасорату фидокорӣ бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои навбатии ҳарбӣ сарфароз гардониданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин, дигар сарони давлатҳо ва меҳмонони сершумори воломақом дар шаҳри Қазон дар маросими ифтитоҳи мусобиқаҳои байналмилалии омехтаи «Бозиҳои оянда» дар маҷмааи намоишии «Казан ЭКСПО» иштирок намуданд.
***
21 феврали соли 2025 дар шаҳри Бишкек таҳти роҳбарии ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон Саймумин Ятимов ва Қамчибек Ташиев ҷаласаи муштараки ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон баргузор гардид.
21 ФЕВРАЛ:
Рӯзи байналмилалии забони модарӣ.
***
Рӯзи байналмилалии роҳбалад.
***
Дар Норвегия – Рӯзи шоҳ.
***
Дар Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ – Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳ.
РӮЙДОДҲО:
Дар ин рӯзи соли 1917 дар Руминия дар натиҷаи садамаи қатора зиёда аз 500 нафар ба ҳалокат расид.
***
Соли 1925 дар Ню-Йорк аввалин шумораи рӯзномаи адабӣ-публитсистии «Ню-Йоркер» нашр шуд.
***
21 феврали соли 1940 синни банафақабароии занони англис аз 60- солагӣ муқаррар карда шуд.
***
21 феврали соли 1995 дар Эстония Қонун «Дар бораи забон » қабул карда шуд.








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 феврал, панҷшанбе, 50-умин рӯзи соли 2026 аст






