Табибони тоҷик боз як усули нави ҷарроҳиро амалӣ намуданд

Февраль 26, 2026 12:00

ДУШАНБЕ, 26.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Табибони тоҷик  нахустин маротиба ба бемори 22-солаи дорои кистаи қисми бадани ғадуди зери меъда бо усули эндоскопӣ, яъне бе буриш тавассути даҳон систогастростомияи эндоскопӣ гузарониданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Зимни ташхис дар бемор кистаи бадани ғадуди зери меъда бо андозаи 17×9 см муайян карда шуд, ки ин ҳолат гузариши ғизоро ба рӯдаи дувоздаҳгузашта душвор мекард.

Баъд аз 24 соати амалиёти ҷарроҳӣ бемор ба хона рухсат дода шуд.

Қаблан барои табобати чунин беморон амалиёти ҷарроҳӣ ба таври кушода, яъне бо буриши ҷисм гузаронида мешуд. Ин ҳолат агар аз як ҷониб бо осеби бадани бемор анҷом меёфт, аз ҷониби дигар, муҳлати табобат ва барқарор гаштани вазъи саломатии беморонро зиёдтар мекард.

Бо усули нави ҷарроҳӣ беморон метавонанд бе буриш ва ҳамзамон баъди 24 соати амалиёти ҷарроҳӣ аз беморхона ба хона рухсат дода шаванд.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 26, 2026 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд