Вазорати нақлиёти Тоҷикистон оид ба андозаи нави ҷаримаҳо барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ маълумот медиҳад
ДУШАНБЕ, 19.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз 1 январи соли 2026 дар Тоҷикистон нишондиҳанда барои ҳисоббаробаркуниҳо ҳангоми муайян кардани андозаи ҷаримаҳо, андозҳо, боҷҳои давлатӣ, кумакпулиҳои иҷтимоӣ ва якчанд пардохтҳои дигар аз 75 то 78 сомонӣ боло бурда шуд. Ин нишондиҳандаҳо дар Қонун «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 декабри соли 2025 тасдиқ гардид, муқаррар карда шудаанд.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар робита ба ин андозаи ҷаримаҳо барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ низ тағйир ёфт. Аз ҷумла:
Идоракунии воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ: соли 2025- 22500 сомонӣ; соли 2026 – 23400 сомонӣ. Фарқият– 900 сомонӣ.
Идоракунии воситаи нақлиёт бе шаҳодатномаи ронандагӣ: соли 2025 – то 22500 сомонӣ; соли 2026 – то 23400 сомонӣ. Фарқият – 900 сомонӣ.
Идоракунии нақлиёт аз ҷониби шахсе, ки ҳуқуқи идоракунӣ надорад ва дар ҳолати мастӣ қарор дорад: соли 2025 – 30000 сомонӣ; соли 2026 – 31200 сомонӣ. Фарқият –1200 сомонӣ.
Ташкил ва иштирок дар пойгаҳои ғайриқонунии воситаҳои нақлиёт: соли 2025 – то 30000 сомонӣ; соли 2026 – то 31200 сомонӣ. Фарқият – 1200 сомонӣ.
Идоракунии воситаи нақлиёт бе рақами бақайдгирии давлатӣ, бо рақами хонданашаванда ё рақами бо тартиби муқарраршуда бақайдгирифтанашуда: соли 2025 – то 375 сомонӣ; соли 2026 – то 390 сомонӣ. Фарқият – 15 сомонӣ.
Идоракунии воситаи нақлиёт бе гузаштан аз муоинаи техникӣ ва суғуртаи ҳатмӣ: соли 2025 – то 225 сомонӣ; соли 2026 – то 234 сомонӣ. Фарқият – 9 сомонӣ.
Итоат накардан ба огоҳиҳои (сигналҳои) чароғаки роҳнамо ё талаботи нозири роҳ: соли 2025 – то 375 сомонӣ; соли 2026 –то 390 сомонӣ. Фарқият – 15 сомонӣ.
Истодан ё таваққуф кардани воситаи нақлиёт дар ҷойҳои манъшуда: соли 2025 – то 525 сомонӣ; соли 2026 – то 546 сомонӣ. Фарқият– 21 сомонӣ.
Тарк кардани ҷои садамаи нақлиётӣ аз ҷониби иштирокчии он: соли 2025 – то 525 сомонӣ; соли 2026 – то 546 сомонӣ. Фарқият – 21 сомонӣ.
Идоракунии воситаи нақлиёт бо шишаҳои сиёҳу хира: соли 2025 – то 11250 сомонӣ; соли 2026 –то 11700 сомонӣ. Фарқият –450 сомонӣ.
Идоракунии воситаи нақлиёт бо чамбарак аз тарафи рост: соли 2025 – то 11250 сомонӣ; соли 2026 – то 11700 сомонӣ. Фарқият – 450 сомонӣ.
Эҷоди вазъияти садамавӣ: соли 2025 – то 375 сомонӣ; соли 2026 – то 390 сомонӣ. Фарқият – 15 сомонӣ.
Риоя накардани қоидаҳои маҳдудияти суръати ҳаракат, пеш гузаштан, тағйири самти ҳаракат ва убури чорроҳаҳо: соли 2025 – то 525 сомонӣ; соли 2026 – то 546 сомонӣ. Фарқият– 21 сомонӣ.
Интиқоли мусофирон аз меъёри муқарраршуда зиёд дар автомобилҳо, автобусҳо ва микроавтобусҳо: соли 2025 – то 375 сомонӣ; соли 2026 – то 390 сомонӣ. Фарқият – 15 сомонӣ.
Риоя накардани қоидаҳои интиқоли борҳои хатарнок, калонҳаҷм ва вазнин: соли 2025 – то 5250 сомонӣ; соли 2026 – то 5460 сомонӣ. Фарқият – 210 сомонӣ.
Интиқоли борҳои калонҳаҷм ва вазнин бе гувоҳиномаи (сертификати) дахлдор: шахсони воқеӣ: соли 2025 – то 5250 сомонӣ; соли 2026 – то 5460 сомонӣ. Фарқият – 210 сомонӣ. Шахсони мансабдор: соли 2025 – то 11250 сомонӣ; соли 2026 – то 11700 сомонӣ. Фарқият – 450 сомонӣ. Шахсони ҳуқуқӣ: соли 2025 – то 37 500 сомонӣ; соли 2026 – то 39 000 сомонӣ. Фарқият – 1500 сомонӣ.
АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Эмомалӣ Раҳмон: «Дар вилояти Хатлон беш аз 100 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амалӣ гардид»
Бахшида ба 35-солагии Истиқлолити давлатӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар Хоруғ рушди рақамикунонӣ дар низоми энергетикии Бадахшон баррасӣ шуд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкории байнибонкиро тақвият медиҳанд
Бахшида ба Рӯзи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Душанбе ҷамъомади тантанавӣ доир гардид
Бонки миллии Тоҷикистон ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тангаҳои хотиравиро ба фурӯш баровард
Душанбе мизбони Фестивали зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ — «AI ALLEY» мегардад
Аз шаҳри Турсунзода ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат беш аз 70 ҳазор тонна маҳсулот содирот гардид
Ниҳодҳои олии аудити Тоҷикистон ва Чин ҳамкориро тақвият мебахшанд
Дар даҳ соли охир ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ беш аз 3 баробар зиёд гардидааст






