Ёдгориҳои Хутали Қадим таъриху фарҳанги бостонии миллати тоҷикро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамояд

Февраль 1, 2026 09:00

ДУШАНБЕ, 01.02.2026. /АМИТ «Ховар»/. Соли равон дар ноҳияи Восеъ ба муносибати қабул гардидани ёдгориҳои мероси фарҳангии Хутали қадим ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО аз ҷониби Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ Симпозиуми байналмилалии «Хутали қадим — пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ, тамаддуни бостонӣ ва ирфонии минтақаи Осиёи Марказӣ» баргузор мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Чаро маҳз дар ноҳияи Восеъ ин чорабинии байналмилалӣ баргузор мешавад? Яке аз мавзеъҳои асосии Хутали Қадим маҷмааи бостоншиносии «Қалъаи Хулбук» – пасмондаҳои қасри пойтахти Хутали Қадим мебошад. Ин қалъаи бостонӣ таърихи чандинҳазорсола дошта, дар ҳудуди ноҳияи Восеи вилояти Хатлон ҷойгир аст.

Дар Симпозиуми байналмилалӣ таърихнигорону бостоншииносони давлатҳои гуногун иштирок намуда, дар доираи он доир гардидани якчанд чорабиниҳо, аз ҷумла Конфренсияи ҷумҳуриявии «Мавқеи Хутали қадим дар инкишофи пешрафти таърихи миллати тоҷик» дар назар дошта шудааст. Инчунин сабти филм вобаста ба шаҳрҳои Хутали қадим ба нақша гирифта шудааст.

Бояд гуфт, ки бозёфтҳое, ки аз девормусввараҳои шаҳристони Ҳулбук ёфта шудаанд, имрӯз қадимтарин намуна аз хати забони тоҷикӣ мебошанд. Дар симпозиуми мазкур дар ин мавзуъ аз ҷониби коршиносон маърӯзаҳои илмӣ пешниҳод мегарданд.

Ёдовар мешавем, ки соли 2025 Хутали Қадим бо фарогирии 11 (ёздаҳ) адад ёдгориҳои таърихию фарҳангии ҳудуди вилояти Хатлон, аз ҷумла ёдгориҳои Қалъаи Ҳулбук, Шаҳристони Ҳулбук, Шаҳраки Манзаратеппа (аз ноҳияи Восеъ), Қалъаи Золи Зар, Мақбараи Мавлоно Тоҷиддин (аз ноҳияи Данғара), Шаҳристони Золи Зар, Шаҳртеппа, Корвонсаройи Тоҳир (аз ноҳияи Фархор), Дайри Буддоии Хишттеппа (аз ноҳияи Ховалинг), Дайри Буддоии Аҷинатеппа (аз ноҳияи Вахш) ва шаҳраки Ҳалевард (аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ) ба феҳристи муқаддамотии ЮНЕСКО ворид карда шуданд.

Тавре иброз доштем, яке аз мавзеъҳои асосии Хутали Қадим маҷмааи бостоншиносии «Қалъаи Хулбук» маҳсуб мешавад.

Тибқи иттилои директори Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Хоҷазода, имрӯзҳо дар шаҳристони Ҳулбук ковишҳои бостоншиносӣ идома дошта, садҳо ашёи гаронбаҳои таърихию фарҳангӣ, аз қабили пораҳои зарфҳои шишагӣ, зарфҳои сафолии ороишӣ ва оддӣ, хиштҳои гуногунандоза, ҳалқаҳои мисию биринҷӣ, мехҳои оҳанину мисӣ, ҳайкалчаи баррача ва осори фаъолияти ҳунармандон дар коргоҳҳои қадимӣ, ба монанди маъдангудозӣ, шишасозӣ, хиштпазӣ ва кулолгарӣ пайдо карда шудаанд.

«Шаҳри асримиёнагии Ҳулбук-ҳамчун объекти афзалиятдоштаи таърихию фарҳангии дараҷаи байналмилалӣ дар конфронси «Рушди ҳамкорӣ, коркарди лоиҳаҳои якҷоя дар доираи ҳамкории фарҳангӣ» дар шаҳри Москва эътироф гардид»,-гуфт Шералӣ Хоҷазода.

Қасри Шоҳони Хатлон, шаҳристони Ҳулбук, мақбараи шоҳони Хатлон, ҳаммомҳои асримиёнагии Ҳулбук, инчунин осорхонаи Ҳулбук имрӯз яке аз марказҳои бонуфузи сайёҳии Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Дар Осорхонаи қалъа ёдгориҳои таърихӣ ва осори гаронбаҳои бозёфтшуда ба намоиш гузошта шудаанд.

АКС аз манбаъҳои боз

Февраль 1, 2026 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Ҳангоми интиқоли маблағ ба кортҳои шахсони ношинос ба чӣ бояд диққат дод?
Иштирокдорони Конфронси байналмилалии «Рӯдакӣ – эҳёгари андеша ва фарҳанги миллӣ» Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо намуданд
«РӮДАКӢ — ЭҲЁГАРИ АНДЕША ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ доир шуд
«Нақши Пешвои миллат дар эҳё ва муаррифии тамаддуни ориёӣ». Таҳти чунин унвон маҳфили «Тоҷикшиносӣ» доир шуд
РӮДАКӢ — ЧАРОҒИ МАЪРИФАТИ МИЛЛАТ. Одамушшуаро насли имрӯз ва фардоро ба омӯхтан ва некӣ кардан даъват намудааст
ШЕЪРИ РӮДАКӢ — ПАЁМИ ДОНИШУ ХИРАД ВА НАКӮКОРИЮ ҶАВОНМАРДӢ. Эҳдо ба Рӯзи Рӯдакӣ
«ҲУҶҶАТИ МИЛЛӢ БА НОМИ РӮДАКӢ БОЯД ГИРИФТ…». Ва ё ҳамзабону ҳаммиллати Устод Рӯдакӣ будан шарафи бузург аст
НАҚШ ВА МАҚОМИ УСТОД РӮДАКӢ. Андешаҳо дар ин мавзуъ
ИМРӮЗ — РӮЗИ РӮДАКӢ. Ба ин муносибат конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ доир мешавад
Моҳи октябр Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» баргузор мегардад
Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ оид ба тарғиби либоси миллӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» доир ба сарнавишти Борбади Марвазӣ филми ҳунарӣ ба навор мегирад