35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ 10 муассисаи томактабӣ бунёд мегардад

Март 29, 2026 14:10

ДУШАНБЕ, 29.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе сохтмони 10 муассисаи томактабӣ барои 2020 кӯдак ба нақша гирифта шудааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, дар айни замон дар ноҳияи Фирдавсӣ 41 муассисаи таълимии томактабии буҷетӣ, наздикорхонавӣ ва хусусӣ фаъолият менамоянд, ки нисбат ба соли 2025   2 адад зиёд мебошад. Аз ҷумла, 24 муассисаи таълими томактабии буҷетӣ; 3 муассисаи таълими томактабии наздикорхонавӣ (Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тоҷиктекстил» ва 14 муассисаи таълими томактабии хусусӣ фаъолият доранд.

Давоми соли 2025 аз ҳисоби бахши хусусӣ 2 муассисаи таълими томактабӣ- «Диёри дониш» ва «Идрок» бинобар сабаби иваз намудани ҷойи фаъолият аз шумораи муассисаҳои томактабии ноҳияи Фирдавсӣ бароварда шуда, ҳамзамон 4 муассисаи томактабии хусусӣ: «Муҳаббат», «Фил ва паранда», «Баҳористон» ва «Басбӣ» моҳи ноябри соли 2025 ба истифода дода шуданд.

Дар 41 муассисаи таълими томактабии ноҳия 9451 нафар кӯдак, аз ин шумора 3703 нафарашон духтар ба таълим фаро гирифта шудаанд, ки нисбат ба соли 2025  543 нафар зиёд мебошад.

Ёдовар мешавем, ки ин муассисаҳо дар асоси  дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти афзоиши аҳолӣ дар ҳар маҳалли аҳолинишин бунёд мегарданд.

Тавре дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 28 декабри соли 2024 омадааст, «дар панҷ соли оянда бо истифода аз ҳама сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва бо назардошти ҳадафи гузошташуда барои фарогирии 50 фоизи кӯдакони синну соли томактабӣ бунёди 800 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва беш аз 1000 муассисаи таҳсилоти умумӣ бояд таъмин гардад».

Бояд таъкид намуд, ки бо назардошти он ки зинаи таҳсилоти томактабӣ барои ташаккули қобилияти зеҳнии кӯдакон марҳилаи хеле муҳим ба ҳисоб меравад, Ҳукумати мамлакат ба бунёди муассисаҳои томактабӣ эътибори аввалиндараҷа ва доимӣ медиҳад.

Бо ин мақсад дар ҷумҳурӣ «Барномаи рушди муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии хусусӣ барои солҳои 2022-2027» қабул гардидааст, ки тибқи ин заминаи  моддӣ-техникии муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии хусусӣ беҳтар гардонида шуда, шартҳои ташкили  муассисаҳои таълимии хусусӣ бо ҷалби соҳибкорон ба соҳаи маориф мукаммал мегардад. Инчунин дастгирии давлатӣ тақвият ёфта, механизмҳои ҳавасмандгардонии бахши хусусӣ такмил меёбанд.

Ҳамзамон «Барномаи рушди таълиму тарбияи томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» 27 феврали соли 2026 дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид. То охири татбиқи барнома 800 муассисаи нави ин соҳа бунёд ёфта, фарогирии кӯдакони аз 3 то 6-сола бо таҳсилоти томактабӣ дар мамлакат бояд ба зиёда аз 50 фоиз расонида шавад.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 29, 2026 14:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд