ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд

Март 24, 2026 16:40

ДУШАНБЕ, 24.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор таҳти унвони «Ҷаҳонгардиро аз ватангардӣ оғоз намо» иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон хабар доданд.

Тантанаҳои наврӯзии ҳизбиён дар ҳамбастагӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор аз мавзеи таърихии «Қалъаи Ҳисор» оғоз гардида, баъдан дар варзишгоҳ бо иштироки густурдаи сокинони шарафманди шаҳри Ҳисор идома ёфт.

Чорабинӣ пур аз шодию нишот, суруду мусиқӣ ва фазои гарму самимӣ ҷараён гирифта, хотирмону дилнишин баргузор гардид.

Дар ин тантанаи бошукӯҳи наврӯзӣ, ҳамчунин, ҳайати калони хабарнигорон аз Ҷумҳурии Қирғизистон ва меҳмонони дигар аз Ҷумҳурии Узбекистон иштирок намуда, аз анъанаҳои миллӣ, фарҳанги ғанӣ ва меҳмоннавозии мардуми тоҷик таассуроти нек бардоштанд.

АКС: Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

Март 24, 2026 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Доир ба ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти илмӣ баргузор шуд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM дар Лондон иштирок дорад
Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд