Қабули ҳуҷҷатсупории довталабон барои иштирок дар бурсияи Ҳукумати Ҷумҳурии Индонезия оғоз шуд
ДУШАНБЕ, 12.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Қабули ҳуҷҷатсупории довталабон барои иштирок дар бурсияи Ҳукумати Ҷумҳурии Индонезия (KNB Scholarship) барои соли таҳсили 2026-2027 оғоз гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» иттилоъ медиҳад.
Бурсияи мазкур ба шаҳрвандони кишварҳои дар ҳоли рушд имконият медиҳад, ки дар донишгоҳҳои бонуфузи Ҷумҳурии Индонезия дар зинаҳои зерин таҳсил намоянд:
– бакалавриат (Bachelor Degree)
– магистратура (Master Degree)
– докторантура (Doctoral Degree)
Таҳсил дар доираи барнома дар донишгоҳҳои шарики Ҷумҳурии Индонезия ба роҳ монда шуда, довталабон метавонанд аз рӯйи ихтисосҳои гуногун таҳсил намоянд.
Талаботи асосӣ ба довталабон — ин ҳуҷҷати таҳсилоти дахлдор (аттестати мактаби миёна барои бакалавр, дипломи бакалавр барои магистратура ва дипломи магистр барои докторантура), донистани забони англисӣ дар сатҳи зарурӣ (TOEFL, IELTS, TOEIC ё муодили он), пешниҳоди номаҳои тавсиявӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои зарурӣ мутобиқи талаботи барнома ва пешниҳоди видеои муаррифии шахсӣ ва пур намудани дархости онлайн мебошад.
Ба иттилои манбаъ, муҳлати ниҳоии пешниҳоди ҳуҷҷатҳо то 31 марти соли 2026 муқаррар карда шудааст.
Барои гирифтани маълумоти муфассал оид ба шартҳои иштирок, рӯйхати пурраи ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва тартиби пешниҳод довталабон метавонанд ба Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» муроҷиат намоянд.
Суроға: шаҳри Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода, 47, тел.: 223-23-59
АКС аз манбаъҳои боз








Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид






