Ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳои байналмилалии Делфӣ дар Қирғизистон иштирок дорад

Март 24, 2026 13:40

ДУШАНБЕ, 24.03.2026 /АМИТ «Ховар»/.  Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бозиҳои байналмилалии Делфӣ дар Ҷумҳурии Қирғизистон иштирок дорад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ҳайати Тоҷикистон аз ҳунармандони ҷавону боистеъдод иборат мебошад, ки онҳо дар як қатор номинатсияҳои гуногуни санъат иштирок менамоянд. Аз ҷумла иштирокчиён дар бахшҳои созҳои халқӣ, фортепиано, сурудхонии халқӣ, сурудхонии эстрадӣ, санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои бадеии мардумӣ маҳорати худро нишон медиҳанд.

Бозиҳои Делфӣ яке аз бузургтарин платформаҳои байналмилалӣ барои кашфи истеъдодҳои ҷавон маҳсуб ёфта, барои рушди фарҳанг, табодули таҷриба ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар чунин сатҳи баланд нишонаи таваҷҷуҳи хоса ба рушди санъат ва фарҳанги миллӣ буда, иштирокчиён бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва ифтихор аз давлату миллат дар ин озмун ҳунарнамоӣ мекунанд.

АКС: Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 24, 2026 13:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид