Ҳайати Тоҷикистон дар муколамаи сатҳи баланд доир ба татбиқи тарҳи минтақавии «CASA-1000» иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 11.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пешбурди босамари тарҳи муҳими «CASA-1000» аҳамияти махсус медиҳад. Ин нуктаро Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар муколамаи сатҳи баланд вобаста ба татбиқи лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи «CASA-1000», ки дар шаҳри Людвикаи Шветсия баргузор гардид, иброз намуд.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар муколамаи сатҳи баланд намояндагони кишварҳои аъзои лоиҳаи «CASA-1000», роҳбарият ва мутахассисони ширкатҳои пудратчӣ, ки корҳои сохтмони истгоҳҳои конверториро дар Тоҷикистон (Сангтӯда) ва Покистон (Навшера) анҷом доданд, «HITACHI ENЕRGY» (Шветсия) ва «Cobra Instalaciones y Servicios S.A.» (Испания) иштирок намуданд.
Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар ҳамоиш иброз дошт, ки лоиҳаи «CASA-1000» яке аз ташаббусҳои калидии ҳамгироии энергетикии минтақа буда, ба рушди савдои барқ, таҳкими амнияти энергетикӣ ва густариши ҳамкории иқтисодии байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ мусоидат менамояд.
Зимни ҷаласа масъалаҳои дар рӯзномаи лоиҳа ҷойдошта баррасӣ карда шуданд.
АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон








Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд
Дар ноҳияи Ҷайҳун сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 250 мегаватт идома дорад
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид






