Ҷаласаи ёздаҳуми Шурои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 06.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Бонки миллии Тоҷикистон ҷаласаи ёздаҳуми Шурои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон.
Зимни ҷаласа рафти иҷрои қарорҳои қабулгардидаи ҷаласаи даҳуми Шуро муҳокима гардида, гузориши масъулин оид ба вазъи молиявии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ва рушди минбаъдаи фаъолияти он, қисматҳои асосии тавозуни пардохт, аз ҷумла содироту воридот, маблағгузории ҳисоби ҷорӣ ва ҳисоби молиявӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Аъзои Шуро бо пешниҳоди рӯнамоҳо оид ба вазъи кунунии бозори коғазҳои қиматноки давлатӣ ва роҳҳои ҳалли вусъатбахшии он, баррасии вазъи иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» дар вазорату идораҳо, инчунин муҳиммияти Барномаи рушди иқтисоди рақамӣ дар равандсозии суботи молиявӣ ибрози назар намуданд.
Гуфта шуд, ки бо назардошти вазъи имрӯзаи иқтисодиёти ҷаҳон, номуайяниҳо дар бозори молиявӣ, зиёд шудани хавфҳои иқлимӣ ва идомаи дигар омилҳои берунӣ баланд бардоштани иқтидор ва рақобатпазирии самтҳои асосии фаъолияти бахшҳои молиявӣ, рушди фаъолияти бозори коғазҳои қиматнок, вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, рушди иқтисоди рақамӣ ва ҳамоҳангии зичи вазорату идораҳои калидӣ нақши муассир мебозад.
Дар анҷом бо мақсади дар ҳамоҳангӣ татбиқ намудани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушди фарогиру устувори иқтисодӣ, коҳиш додани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир дар бахшҳои молиявӣ ва дигар масъалаҳои муҳим таъкид гардида, қарорҳои марбута дар самти рушди бозори коғазҳои қиматноки давлатӣ, вусъати ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ, рушди иқтисоди рақамӣ дар равандсозии суботи молиявӣ қабул гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки Шурои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми байниидоравии доимоамалкунандаи машваратӣ буда, бо мақсади баррасии масъалаҳои таъмини суботи молиявӣ, ошкор намудани хавфҳо дар низоми молиявӣ ва пешниҳоди тадбирҳо баҳри коҳиши онҳо бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июни соли 2018 таъсис дода шудааст.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон








КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
МАЪРИФАТИ МОЛИЯВӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ Фестивали саводнокии молиявӣ гузаронида шуд
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд






