Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
ДУШАНБЕ, 05.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 25-солагии таъсиси МегаФон Тоҷикистон ширкат шабакаи фурӯшҳоро дар тамоми ҷумҳурӣ ба таври фаъол васеъ менамояд. Танҳо давоми моҳҳои январ ва феврал 11 маркази нави хизматрасонӣ кушода шуданд. Ин қадами навбатӣ дар самти то ҳадди имкон дастрас намудани хизматрасониҳои ширкат барои сокинони шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ маҳсуб мешавад.
Идораҳои нав дар маконҳо бо логистикаи мувофиқ кушода мешаванд: дар назди марказҳои савдо, муолиҷахонаҳо, роҳҳои серҳаракати мошингард. Муштариён имкон доранд, ки тарофаҳо пайваст намоянд, ҳисоби худро пур кунанд, SIM-кортҳо бихаранд ва машварати мутахассисонро дар масофаи начандон дур аз хонаи худ ба даст оранд.
Ҷуғрофияи лоиҳа – тамоми минтақаҳои мамлакат. Дар Душанбе – ноҳияҳои Сино ва Фирдавсӣ, дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – шаҳри Ваҳдат. Дар вилояти Суғд нуқтаҳои нави хизматрасонӣ дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Зафаробод ба фаъолият шуруъ карданд. Дар вилояти Хатлон дар ноҳияи Балҷувон, Восеъ, Темурмалик ва Шаҳритус.
«Бо васеъ намудани шабакаи идораҳои хизматрасонӣ мо дар навбати аввал талаботи рӯзмарраи одамонро ба назар мегирем. Алоқа, хизматрасониҳои рақамӣ бояд новобаста аз он, ки муштарӣ дар куҷо – пойтахт ё минтақаи дурдаст зиндагонӣ дорад, дастрас бошанд. Маҳз бо ҳамин сабаб мо пай дар пай шабакаи фурӯшҳои худро дар қаламрави тамоми ҷумҳурӣ инкишоф медиҳем. Алҳол мо аллакай дорои зиёда аз 400 толор ҳастем», — изҳор дошт директори самти тиҷорат ва рушди бизнеси ширкати «МегаФон Тоҷикистон» Артемий Пономарёв.
Дар идораҳои ширкат на танҳо муштариёни худӣ мавриди хизматрасонӣ қарор мегиранд. Дар ин ҷой метавон маблағи хизматрасониҳои ҳамаи операторони мобилии ҷумҳурӣ, интернет-провайдерҳо, NGN, алоқаи телефонии шаҳрӣ ва байналмилалӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ ва телевизионро зуд, қулай ва бе навбатпоиҳо пардохт намуд.
МегаФон Тоҷикистон кайҳо аз доираи телекоми анъанавӣ берун шуда буд, бинобар ин, ба идораҳои ширкат барои ҳалли масъалаҳои молиявӣ низ муроҷиат менамоянд. Дар онҳо метавон қарзҳоро бе пардохти фоизҳои иловагӣ адо намуд, депозитҳо ва кортҳои бонкӣ, кортҳои ташкилотҳои хурди молиявиро пур кард, маблағҳоро интиқол дод. Хизматрасониҳои бонкӣ дар якҷоягӣ бо Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Бонки Ҳумо» пешниҳод карда мешаванд.
Байни сокинони ҷумҳурӣ ҳамчунин хизматрасонии «Cash Out» маъруф мебошад, ки он дар идораҳои хизматрасонии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» пешниҳод мегардад. Барои дастраскунии маблағи нақд кофист, ки шиноснома ва корти бонкии «Корти миллӣ»-ро пешниҳод намоед. Баъди мушаххасгардонии фаврӣ мизоҷ PIN-рамзро мустақилона дар POS-терминал ворид менамояд, мушовир бошад, маблағи зарурӣ ва чекро пешниҳод мекунад. Ин ҳангоми анҷоми харидҳо дар бозорҳо, ки на ҳамеша пардохти ғайринақдиро қабул менамоянд, махсусан қулай аст. Бо ҳамин сабаб толорҳои ширкат бештар дар наздикии майдонҳои бузурги тиҷоратӣ кушода мешаванд.
Дар Душанбе ба мизоҷони толорҳои «МегаФон Тоҷикистон» инчунин хизматрасониҳои суғуртаи автомобилҳо ва таҷҳизоти мобилӣ дастрас ҳастанд. Мушовирон имкон доранд, ки пешниҳодҳои мувофиқро интихоб намуда, санади суғуртавиро ба расмият дароранд – ин аз ҷустуҷӯи мустақилонаи маълумот дар интернет зудтар ва қулайтар аст.
Меҳмонону сокинони пойтахт вақти зиёди худро бо сайругашт дар кӯчаву боғҳои Душанбе мегузаронанд. Ҳангоми кам мондани неруи телефон, барои пешгирии қатъи алоқа метавон аккумуляторро барои телефон ба иҷора гирифт – беҳтар аст на васлак ҷустуҷӯ намоед, балки аз тамошои шаҳр ҳаловат баред.
Суроғаҳои толорҳои нав:

Рӯзҳои наздик боз якчанд идораи хизматрасонии ширкат дар вилояти Суғд – дар Хуҷанд ва Конибодом, дар вилояти Хатлон – дар Ёвон, дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – дар Ваҳдат, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – дар Ишкошим ифтитоҳ меёбанд.
«МегаФон Тоҷикистон» – доимо дар паҳлуи шумо!
АКС: ширкати «МегаФон Тоҷикистон»








Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд






