Ҳамкории Тоҷикистон ва Олмон дар самти рушди инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 04.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои таҳкими ҳамкории дуҷониба дар самтҳои рушди инноватсия ва технологияҳои рақамӣ дар мулоқоти директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Мирзо бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Йорк Шуграф дар шаҳри Душанбе баррасӣ гардиданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ.
Мусоҳибон инчунин густариши истифодаи технологияҳои муосирро дар бахшҳои иқтисод ва низоми идоракунии давлатӣ баррасӣ карданд.
Гуфта шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба густариши ҳамкории байналмилалӣ бо кишварҳои пешрафта, аз ҷумла бо Олмон барои интиқоли технология, ҷалби сармоя ва татбиқи таҷрибаҳои пешқадам таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд.
Ҷонибҳо барои таҳкими ҳамкорӣ дар самтҳои рушди технологияҳои рақамӣ, тақвияти иқтидори кадрӣ ва татбиқи ташаббусҳои муштарак изҳори омодагӣ намуданд.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон аз Маркази хизматрасониҳои давлатӣ дидан намуда, бо раванди пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ дар шакли электронӣ, сатҳи рақамикунонии хизматрасониҳо ва имконияти техникии марказ аз наздик шинос шуд.
АКС: Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад






