Арзиши хизматрасонӣ дар ИМД-2026 чӣ қадар аст ва барои киҳо имтиёз муқаррар карда шудааст?

Март 11, 2026 12:00

ДУШАНБЕ, 11.03.2026 /АМИТ «Ховар»/.  Давраи якум (асосӣ)-и бақайдгирии довталабон барои иштирок дар Имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ (ИМД)-2026 идома дорад. Довталабон ҳангоми бақайдгирӣ арзиши муйяншудаи хизматрасониро бояд тавассути Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ва марказҳои хизматрасонии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Бонки Эсхата» пардохт намоянд. Арзиши хизматрасонӣ соли 2026 чӣ қадар аст ва барои киҳо имтиёз муқаррар карда шудааст?

Тибқи тартиби Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзиши хизматрасонӣ барои шахсони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ ё миёнаи касбӣ 370 сомонӣ, шахсони дорои таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9-ум) 320 сомонӣ муйян карда шудааст.

Ҳамзамон тибқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои як гурӯҳ шахсон дар пардохти маблағ барои хизматрасонӣ дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ имтиёз пешбинӣ гардидааст.

Тибқи ин тартиб, шахсони дар вақти бақайдгирӣ барои иштирок дар ИМД ба синни 22 нарасида, ки падару модарашон вафот кардаанд, аз пардохти ҳаққи хизматрасонӣ озоданд.

Аз пардохти ҳаққи хизматрасонӣ шахсони дар вақти бақайдгирӣ барои иштирок дар ИМД ба синни 22 нарасида, ки падар ё модари танҳояшон вафот кардааст, низ озоданд.

Шахсони дар вақти бақайдгирӣ барои иштирок дар ИМД ба синни 22 нарасида, ки бо сабабҳои маҳдуд ё маҳрум карда шудани падару модар, падар ё модари танҳояшон аз ҳуқуқи падару модарӣ, бедарак, ғоиб эътироф ё фавтида эълон гардидани падару модар, ғайри қобили амал дониста шудани онҳо, барои адои ҷазо дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ қарор доштани падару модар, саркашӣ кардани падару модар аз тарбияи кӯдак ё ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои ӯ, аз ҷумла ҳангоми рад кардани гирифтани кӯдаки худ аз муассисаҳои таълимӣ-тарбиявӣ ва ё табобатӣ бе падару модар мондаанд, аз пардохти ҳаққи хизматрасонӣ озод мебошанд.

Инчунин кӯдакони маъюб ва маъюбони гурӯҳҳои I ва II, ки падар ё модарашон вафот кардааст, кӯдакони маъюб ва маъюбони гурӯҳҳои I ва II, ки падар ё модари танҳо доранд, кӯдакони маъюб ва маъюбони гурӯҳҳои I ва II, ки падару модари маъюби гурӯҳи I ё II доранд, кӯдакони маъюб ва маъюбони гурӯҳҳои I ва II, ки падар ё модари танҳои маъюби гурӯҳи I ё II доранд ва шахсони дар вақти бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба синни 22 нарасида, ки падару модарашон маъюби гурӯҳи I ё II мебошанд, аз пардохт озоданд.

Ҳамзамон шахсони дар вақти бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба синни 22 нарасида, ки падар ё модари танҳояшон маъюби гурӯҳи I ё II мебошад, аз пардохти ин маблағ озоданд.

Тибқи тартиби муқарраргардида, ба гурӯҳи шахсоне, ки аз пардохти 50 фоизи маблағи хизматрасониҳо озоданд, инҳо дохил мешаванд:

Кӯдакони маъюб ва маъюбони гурӯҳҳои I ва II, ки падару модарашон дар қайди ҳаёт (солим) мебошанд, шахсони дар вақти бақайдгирӣ барои иштирок дар ИМД ба синни 22 нарасида, ки падар ё модарашон маъюби гурӯҳи I ё II мебошад ва шахсони дар вақти бақайдгирӣ барои иштирок дар ИМД ба синни 22 нарасида, ки падар ё модарашон вафот кардааст  Шахсони дар вақти бақайдгирӣ барои иштирок дар ИМД ба синни 22 нарасида, ки падар ё модари танҳо доранд, аз пардохти ҳаққи хизматрасонӣ озоданд.

Агар вобаста ба мансуб будани довталаб ба ин ё он гурӯҳи шахсони дар пардохти маблағи хизматрасонӣ имтиёздошта шубҳа ҷой дошта бошад, барои маълум кардани ин масъала довталаб бо ҳуҷҷатҳои дахлдор ба яке аз нуқтаҳои бақайдгирии наздиктарин ё тавассути телефони 224 53 68 ба Марказ муроҷиат кунад.

Шахсоне, ки аз пардохти маблағи хизматрасонӣ ё қисме аз маблағи мазкур озоданд, ҳангоми бақайдгирӣ бояд ҳуҷҷатҳои дахлдорро пешниҳод кунанд.

Хотиррасон мекунем, ки довталаб бояд маблағи хизматрасониро барои иштирок дар ИМД тавассути филиалҳо ва марказҳои хизматрасонии Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ё тавассути барномаи мобилии «Амонат мобайл», инчунин тавассути филиалҳо ва марказҳои хизматрасонии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Бонки Эсхата» ё тавассути барномаи мобилии «Эсхата онлайн» пардохт карда, рақами расиди пардохтро бо ҳуҷҷатҳои дигари зарурӣ ба бақайдгирандаи нуқтаи бақайдгирӣ пешниҳод намояд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 11, 2026 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-ро мавриди истифода қарор доданд
Солҳои охир теъдоди муассисаҳои таълимӣ дар Бадахшон ба таври бесобиқа афзоиш ёфтааст
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳру ноҳияҳои Суғд 986 муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Байни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон ва Донишгоҳи технологии Ланҷоу Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
157 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» роҳхат гирифтанд
ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ЗЕҲНИ СУНЪИИ БЕХАТАР ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Доир ба масоили муҳими соҳаи нақлиёт ва инфрасохтори роҳҳо конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Зиёда аз 40 ҳазор нафар ҷавонони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии қариб 50 кишвари ҷаҳон илму дониш ва касбҳои муосир меомӯзанд
Масоили омода намудани мутахассисон дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон баррасӣ шуд
350 нафар донишҷӯёни тоҷик дар Ҷумҳурии Корея таҳсил менамоянд
Ёддошти тафоҳум байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Корея ба имзо расид