Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
ДУШАНБЕ, 24.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон ва Консули фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҳамбург ва Шлезвиг-Ҳолштайн Куруш Пуркиён чорабинии идона бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон хабар доданд, чорабинӣ бо иштироки сафоратҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Берлин баргузор гардида, дар он инчунин аъзои Сенати шаҳри Ҳамбург, намояндагони доираҳои иқтисодию фарҳангӣ, корпуси дипломатӣ ва ҳамватанони муқими Ҳамбург иштирок намуданд.
Дар доираи чорабинӣ гӯшаи фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардида, дар он намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ, либосҳои миллӣ, асбобҳои мусиқӣ ва мавод оид ба имкониятҳои сайёҳии кишвар ба намоиш гузошта шуданд. Ҳамзамон кишварҳои Осиёи Марказӣ низ гӯшаҳои миллии худро ташкил намуда, фарҳанг ва суннатҳои худро муаррифӣ карданд.
Зимни чорабинӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон Имомудин Сатторов ҳозиринро ба муносибати ҷашни Наврӯз табрик намуда, аҳамияти таърихию фарҳангии онро таъкид карда, Наврӯзро ҳамчун рамзи эҳёи табиат, сулҳу дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамгироии мардумон арзёбӣ намуд.
Барномаи фарҳангии чорабинӣ бо иштироки ҳунармандони тоҷик баргузор гардида, фазои идонаро ғанӣ гардонид.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон/Pourkianpress













Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд
Дар Ашқобод Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо шаҳрдори Риёз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи «Алҷарида»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд






