Ба нақши беназири модарон дар ҳаёти оила ва ҷомеа ҳамеша арҷ гузошта мешавад

Март 7, 2026 14:00

ДУШАНБЕ, 07.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. 6 март дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили 35‑солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Модар таҳти унвони «Саҳми занон дар ташаккули арзишҳои миллӣ» ҳамоиш баргузор шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз ин марказ.

Директори Маркази тадқиқоти стратегӣ Хайриддин Усмонзода гуфт, ки ин рӯз рамзи эҳтиром, муҳаббат ва қадршиносии модарон буда, нақши беназири онҳо дар ҳаёти оила ва ҷомеа ҳамеша арҷгузорӣ мегардад.

Хайриддин Усмонзода модаронро на танҳо сарчашмаи ҳаёт ва оила, балки пояи маънавӣ ва ахлоқии ҷомеа номид. Модарон бо меҳру садоқат ва матонат насли ояндаро тарбия намуда, бо ҳисси масъулият ва ватандӯстӣ дар пешрафт ва созандагии давлат саҳм мегузоранд.

Гуфта шуд, ки Ҳукумати Тоҷикистон ва Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба баланд бардоштани мақоми занон, фароҳам овардани имконияти баробар барои таҳсил, фаъолияти касбӣ ва иштироки фаъол дар идоракунии давлатӣ аҳамияти махсус медиҳанд. Ин сиёсати давлат заминаи устувори рушди иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва иқтисодии  кишварро таъмин менамояд.

Хайриддин Усмонзода занонро ташвиқ намуд, ки бо илҳоми модарона ва ҷасорати хосса дар корҳои илмӣ ва таҳқиқотӣ фаъолона иштирок намуда, бо ҳисси масъулият ва созандагӣ дар бунёди ҷомеаи муосир ва пешрафтаи Тоҷикистон саҳм гузоранд.

Дар ҳамоиш дар мавзуъҳои «Антропологияи созандагӣ – зани тоҷик ҳамчун созандаи арзишҳои миллӣ», «Нақши занон дар рушди иқтисоди миллӣ: аз арзиши маънавӣ то неруи стратегии давлатдорӣ» ва «Нақши занон дар таҳкими муносибатҳои байналмилалӣ» маърузаҳо пешниҳод гардиданд.

Изҳор гардид, ки Сарвари давлат зимни мулоқоту суҳбатҳо пайваста таъкид менамоянд, ки ҷомеаи пешрафта бе иштироки фаъолонаи занон рушд карда наметавонад. Зеро занону духтарон қувваи бузурги эъмори ҷомеаи озоду пешрафта буда, маҳз бо назардошти ҳамин нақши сарнавиштсоз Ҳукумати мамлакат масъалаи таъмини ҳуқуқу манфиатҳои занону модаронро дар меҳвари сиёсат қарор додааст.

АКС: Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 7, 2026 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд