Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 04.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик (11 март) таҳти унвони «Рушди матбуоти тоҷик дар замони соҳибистиқлолӣ» конференсия баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ хабар доданд.
Зимни конференсия иброз шуд, ки матбуот ҳамчун яке аз воситаҳои асосии таъсиррасон ба афкори умум дар раванди ҷомеасозӣ ва таҳкими муносибатҳои байналмилалӣ нақши калидӣ дорад. Матбуоти даврӣ ва фазои иттилоотӣ марҳила ба марҳила аҳамияти бештар касб намуда, имрӯз ба яке аз самтҳои афзалиятноки рушди ҷомеа табдил ёфтааст.
Дар шароити ҷаҳони муосир, ки муборизаҳои иттилоотӣ ва ҷангҳои идеологӣ авҷ гирифтаанд, нақши матбуоти миллӣ дар ҳифзи манфиатҳои давлатӣ ва ташаккули афкори солими ҷомеа беш аз пеш назаррас аст. Аз ин рӯ, масъулияти рӯзноманигорон дар пешниҳоди иттилооти дақиқу санҷида ва таҳлили касбӣ дучанд мегардад.
Таъкид гардид, ки журналистикаи тоҷик имрӯз ҳамчун яке аз воситаҳои асосии таъсиррасон ба афкори ҷомеа дар бедор намудани худшиносӣ, баланд бардоштани маърифати сиёсӣ-фарҳангии мардум ва таҳкими арзишҳои миллӣ саҳми назаррас мегузорад.
Иштирокчиён конференсия доир ба масъалаҳои рушди журналистикаи таҳлилӣ, этикаи касбӣ ва мутобиқшавӣ ба талаботи фазои рақамӣ ибрози андеша намуданд.
АКС: Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон








Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






