Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 12.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз 11 то 15 май дар шаҳри Душанбе Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид доир мегардад. Дар ин хусус 11 март зимни вохӯрии маҷозии Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода бо муовини директори генералӣ ва намояндаи минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ Виорел Гутсу иттилоъ дода шуд.
Тавре аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар вохӯрӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.
Имзои Ёддошт ба сари вақт ва бо сифати баланди ташкилӣ баргузор намудани Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ мусоидат менамояд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар конфронс намояндагон аз 54 мамлакати аъзои Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид дар минтақаи Аврупо ва Осиё, инчунин созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, институтҳои молиявӣ ва шарикони рушд иштирок хоҳанд кард.
АКС: Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд






