Беш аз 49 фоизи аҳолии Тоҷикистонро занон ташкил медиҳанд
ДУШАНБЕ, 08.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. То 1 январи соли 2026 шумораи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 10 миллиону 720,8 ҳазор нафар расидааст, ки 49,3 фоизаш занон мебошанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Занон дар Тоҷикистони соҳибистиқлол дар рушди иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии мамлакат нақши муҳим доранд. Онҳо дар соҳаҳои маориф, тиб, кишоварзӣ, саноат ва соҳибкорӣ фаъолона иштирок намуда, зиёда аз 24 фоизи субъектҳои соҳибкориро ташкил медиҳанд.
Тибқи иттилои Агентии омор, дар соҳаи тандурустӣ 130,0 ҳазор нафар фаъолият менамоянд, ки 70 фоизашро занон ташкил медиҳанд. Инчунин дар соҳаи маориф 282 ҳазор нафар фаъолият менамоянд, ки 63 фоизашро занон ташкил медиҳанд.
Бояд гуфт, ки солҳои охир дар мамлакат шумораи занони соҳибкор афзоиш ёфтааст. Онҳо корхонаҳои хурду миёна бунёд карда, ҳам ҷойи нави кор фароҳам меоранд ва ҳам дар ғанӣ гардонидани бозори дохилӣ саҳм мегузоранд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд
Дар нуҳ моҳи соли равон 86 муассисаи КАТС ба истифода дода шуд
Байни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Ассосиатсияи Умумичинии журналистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Панҷакент Форуми ҷумҳуриявӣ ва даври ҷамъбастии озмуни «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» доир шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Тарбуз, харбуза ва каду дар таркиби худ витамини C ва А бештар доранд
Масъалаи дастрасии аҳолии минтақаҳои дурдаст ба кумаки аввалияи тиббию санитарӣ баррасӣ шуд
Неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Бойғозӣ» барои гузаронидани мавсими сармо омода мебошанд
Дар Душанбе нахустин Анҷумани саратоншиносон ва радиологҳои Тоҷикистон доир шуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст
Дар Душанбе иди бостонӣ ва миллии мо-Меҳргон бо шаҳомати хосса доир мегардад
Намояндагони Суди Олии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии судяҳо оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуданд
Оид ба стратегияи ҳамкории Тоҷикистон ва Корея машғулияти академӣ доир шуд






