«ДӮСТИИ АДАБӢ — ДӮСТИИ АБАДӢ». Бо иштироки аҳли фарҳангу санъати Тоҷикистону Узбекистон ҳамоиш доир шуд

Март 24, 2026 11:00

ДУШАНБЕ, 24.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Тошканд бо иштироки шоирону нависандагон ва аҳли фарҳангу санъати Тоҷикистону Узбекистон таҳти унвони «Дӯстии адабӣ — дӯстии абадӣ» ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҷараёни ҳамоиш намояндагони наслҳои гуногун доир ба нақши адабиёт дар таҳкими дӯстӣ ва ҳамкории фарҳангии байни ду давлат андешаҳои худро баён намуданд.

Дар ҷараёни ҳамоиш иштирокдорон бо қироати шеър ва табодули афкор осори адабии якдигарро муаррифӣ намуданд.

Иштирокдорон Наврӯзро ҳамчун рамзи ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ ва дӯстии пойдор байни халқҳо васф намуда, бар густариши робитаҳои адабӣ ва фарҳангӣ арзёбӣ намуданд.

Лозим ба ёдоварӣ аст, ки ин чорабинии адабӣ дар толори Иттифоқи нависандагони Узбекистон доир гардид.

 

АКС: Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 24, 2026 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд