Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» оғоз гардид

Март 12, 2026 14:58

ДУШАНБЕ, 12.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» бо иштироки донишҷӯёну кормандон оғоз гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба академия.

Дар ҷараёни озмун донишҷӯён порчаҳо аз «Шоҳнома»-ро бо маҳорати баланд қироат намуда, донишу маҳорати худро нишон доданд. Иштирокчиён кӯшиш намуданд, ки мазмуну муҳтавои асарро бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва ҳунари суханварӣ баён намоянд. Озмун идома дошта, дар фарҷом аз ҷониби доварон  ғолибони даври муассисавӣ ба даври навбатии озмун роҳхат мегиранд.

Ноиби ректор оид ба илм ва инноватсия Карамалишо Карамалишоев оид ба аҳамияти баргузории озмун иброз дошт, ки озмун ба ҳифз ва тарғиби мероси адабии ниёгон, аз ҷумла асари безаволи Абулқосим Фирдавсӣ — «Шоҳнома» равона шудааст. «Шоҳнома» ҳамчун яке аз шоҳкориҳои адабиёти ҷаҳонӣ дар тарбияи ҳисси ватандӯстӣ, ифтихор аз таъриху фарҳанги миллӣ ва баланд бардоштани маърифати маънавии ҷавонон нақши муҳим дорад.

Бо ташаббусҳои пайвастаи давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ, махсусан иқдоми фарҳангпарваронаи Пешвои миллат чунин озмунҳо ба рушду густариши маърифати китобхонӣ ва эҳтиром ба арзишҳои фарҳангии миллат мусоидат менамоянд.

АКС: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 12, 2026 14:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид