Дар Бадахшон иқдоми «Тоҷикона мепӯшем!» оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 05.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иқдоми «Тоҷикона мепӯшем!» оғоз гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ иттилоъ доданд.
Дар рӯзи нахустини баргузории ин иқдом дар шаҳри Хоруғ духтарону занон атласу адрас, чакан ва либоси хоси мардуми Кӯҳистони Бадахшонро ба бар намуданд.
Мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Заррина Мирзозода иброз намуд, ки «гузаронидани чунин иқдоми фарҳангӣ барои насли имрӯз ва оянда муҳим мебошад. Либоспӯшӣ дар назари аввал одати маъмулии ҳар миллат аст, аммо дар асл таҷассумгари таърих, ҳунар, завқи парастиши зебоӣ ва ойину анъанаҳои ҷолиби ниёгон мебошад».
Бояд гуфт, ки бо мақсади арҷ гузоштан ба фарҳанги миллӣ, тарғиби либоси миллӣ ва муосиргардонии он соли ҳаштум аст, ки бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдоми ҷумҳуриявии тарғиботӣ-ташвиқотии «Тоҷикона мепӯшем!» гузаронида мешавад. Ин иқдом 1 март дар саросари мамлакат оғоз гардида, то 31 май идома меёбад.
Либоси миллӣ симои зани тоҷикро бо иффат, латофат ва зебоӣ оро дода, он ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири фарҳанги миллӣ боқӣ мондааст. Занону духтарон ҳамчун нигоҳдоранда, ҳифзкунанда ва интиқолдиҳандаи суннату анъана, фарҳанг ва забон дар пойдории арзишҳои миллӣ нақши калидӣ доранд. Ҳамин аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин масъала пайваста ба занҳо такя менамоянд ва онҳоро посдорандаи расму оинҳои миллӣ меноманд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ








Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид






