Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид

Март 24, 2026 15:30

ДУШАНБЕ, 24.03.2026 /АМИТ «Ховар»/.  Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон «Navruz Youth World Festival» дирӯз дар шаҳри Душанбе барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар барномаи фарҳангӣ, ки бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз баргузор гардид, ҷавонони 15 давлат иштирок намуданд.

Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» то 26 март идома ёфта, иштирокчиён аз ҷашнҳои  идонаи наврӯзӣ ва мавзеъҳои фарҳангии  шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор, Турсунзода ва шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон шинос мешаванд.

Ҳадафи чорабинӣ муттаҳид намудани ҷавонони ҷаҳон дар асоси арзишҳои умумии сулҳ, дӯстӣ, гуногунии фарҳангӣ ва рушди устувор, дастгирии муколамаи фарҳангӣ ва мубодилаи афкор байни ҷавонони давлатҳои гуногун, тарғиби мероси фарҳангии Наврӯз ҳамчун рамзи навсозӣ ва умед, эҷоди платформа барои ташаббусҳои ҷавонон, ки ба ҳалли мушкилоти ҷаҳони муосир нигаронида шудаанд, мебошад.

Дар доираи фестивал дар шаҳри Душанбе Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни нишасти сарони давлатҳои аъзои  Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Тянсзини Ҷумҳурии Мардумии Чин пешниҳод шуда буд, доир гардид.

Форуми ҷавонони Созмони ҳамкории Шанхай ба таҳкими ҳамкории байналмилалӣ, табодули фарҳангӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ байни ҷавонони давлатҳои гуногун мусоидат мекунад.

Чунин форумҳо ба иштирокчиён имкон медиҳанд, ки таҷрибаи якдигар, идеяҳо ва лоиҳаҳои навро, ки ба беҳтар намудани вазъи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва экологии ҷаҳон равона гардидаанд, мубодила намоянд.

Дар доираи фестивал ва форум баргузории барномаи фарҳангӣ, намоишҳои миллӣ, намоишгоҳҳои ҳунарҳои дастӣ, фестивали гастрономӣ, панелҳои таълимӣ, форуму ҳамоиш, иқдоми сабзкорӣ, амалиёти ҳифзи муҳити зист, мусобиқаҳои варзишӣ, аз қабили навъҳои анъанавӣ ва муосири варзиш, шинос шудан бо мавзеъҳои таърихӣ ва огоҳ шудан аз фарҳанги Наврӯз дар минтақа дар назар дошта шудааст.

Бояд иброз намуд, ки Наврӯз яке аз қадимтарин идҳое аст, ки аз ҷониби халқҳои Осиёи Марказӣ, Шарқи Миёнаю Наздик ва Қафқоз ҷашн гирифта мешавад. Ин ид омадани баҳор, навсозии табиат ва оғози соли нави хуршедиро таҷассум менамояд. Анъанаҳои ҷашни Наврӯз аз омодасозии хӯрокҳои идона, баргузории ҷашнҳои оммавӣ,  мусобиқаҳои варзишӣ, намоишҳои театрӣ ва амалиёти хайриявӣ иборат мебошанд.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 24, 2026 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид