Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил карда шуд
ДУШАНБЕ, 06.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Занон дар баробари рушди донишгоҳ инчунин дар пешрафти илму маорифи мамлакат ва тарбияи мутахассисони баландихтисос нақши муассир доранд. Чунин гуфта шуд дар ҷамъомади тантанавие, ки дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Дар ҷамъомади тантанавӣ Ректори донишгоҳ Убайдулло Асрорзода гуфт, ки дар роҳи илму маърифат, тарбияи насли наврас ва рушди Ватан нақши модарон бузург аст. Бо назардошти мақому манзалати баланд ва саҳми арзишманди занону модарон дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии мамлакат Ҳукумати Тоҷикистон масъалаи ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳоро ҳамеша дар меҳвари сиёсати худ қарор додааст.
Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намудаанд, «дастгирии занону модарон, баланд бардоштани мақому манзалати онҳо ва фароҳам овардани зиндагии шоиста барои ин қишри муҳими ҷомеа аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлату Ҳукумат ба шумор меравад».
Ректори донишгоҳ изҳор намуд, ки теъдоди занон дар ҳайати роҳбарикунанда, омӯзгорону муҳаққиқони донишгоҳ сол ба сол рӯ ба афзоиш аст. Занони соҳиби дараҷа ва унвони илмӣ бо дониш, таҷриба ва маҳорати баланди касбӣ дар пешбурди фаъолияти илмию таълимӣ саҳми назаррас мегузоранд.
Ҳамзамон таъкид гардид, ки сафи донишҷӯдухтарон аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ пайваста меафзояд. Онҳо бо заковати баланд, талошу ҷаҳди пайгирона ва иродаи қавӣ ба насли ояндасози миллат табдил ёфта, дар арсаҳои гуногуни илм ва касбу ҳунар намунаи ибрат мебошанд. Роҳбарияти донишгоҳ комёбиҳои онҳоро нишонаи рушди муассиса ва ҷомеаи илмиву фарҳангии кишвар арзёбӣ намуд.
Таъкид гардид, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ мақому манзалати зан дар ҷомеа боло рафта, барои фаъолияти пурсамари занону духтарон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуд.
АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон










Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM дар Лондон иштирок дорад
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид






