Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 04.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. 3 март дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо иштироки намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамчун таҳдид ба ҷомеаи муосир ва роҳҳои пешгирии он» ҳамоиш баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Фаромарз Раҳмонзода иброз дошт, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ имрӯз барои решакан кардани амалҳои коррупсионӣ дастҷамъона мубориза мебарад. Тоҷикистон низ чун узви ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ барои пешгирӣ ва аз байн бурдани коррупсия дар қаламрави ҷумҳурӣ тадбирҳои судманд андешидааст. Аҳолии ҷумҳурӣ дарк кардаанд, ки амалҳои коррупсионӣ барои пешрафти ҷомеа монеа эҷод мекунанд.
Гуфта шуд, ки экстремизм ва терроризм барои ҳар ҷомеа хатари ҷиддӣ доранд. Барои мубориза бо ин зуҳурот ҳар шахс, махсусан ҷавонон бояд масъулиятшинос бошанд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва ба доми таблиғоти ифротӣ наафтанд.
«Барои муборизаи муассир бо ин зуҳуроти хатарнок зарур аст, ки ҳама қишрҳои ҷомеа аз оила то мактаб, аз ниҳодҳои давлатӣ то ҷомеаи шаҳрвандӣ якҷоя амал кунанд. Танҳо бо ҳамдигарфаҳмӣ, таҳаммулпазирӣ ва рушди маънавиёт метавонем ҷомеаи амн ва мутамаддин бунёд кунем», — таъкид гардид дар ҷамъомад.
АКС: Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






