Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд

Март 6, 2026 19:00

ДУШАНБЕ, 06.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. 5 март дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш  баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз ин донишкада.

Ректори  Донишкадаи кӯҳию металлургӣ Бахтиёр Маҳмадалӣ оид ба нақши матбуот дар рушди ҷомеа, тарғибу ташвиқи идеяҳои волои давлатдорӣ ва истиқлолу озодӣ сухан намуд. Изҳор гардид, ки ҳамкорӣ бо воситаҳои ахбори омма хеле муҳим ва муфид буда, матбуот чашму гӯши ҷамъият ва довари одил мебошад.

Дар ҷамъомад раиси бахши суғдии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, сармуҳаррирони рӯзномаҳои «Согдийская правда» ва «Паёми Бӯстон» дар бораи таърихи матбуоти тоҷик, рӯзноманигорони собиқадор, дастгириҳои давлатӣ ба воситаҳои ахбори омма сухан намуданд.

Таъкид шуд, ки нақши матбуоти тоҷик дар рушди соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷамъиятӣ муассир мебошад.

Дар фарҷом ба рӯзноманигорон Сипосномаи раёсати Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон тақдим карда шуд.

АКС: Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон

Март 6, 2026 19:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид