Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид

Март 4, 2026 14:00

ДУШАНБЕ, 04.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. 3 март дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар таҳти унвони «Зан-сарвар — намунаи ибрат ва роҳнамои насли ҷавон» машварати илмӣ-амалӣ баргузор шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз донишкада.

Дар ҷамъомад ректори донишкада Бахтиёр Маҳмадалӣ изҳор дошт, ки дар Тоҷикистон ҳамасола Рӯзи Модар бо тантанаву шукуҳи хосса таҷлил карда мешавад ва ин аз мақому мартабаи баланди занону модарон шаҳодат медиҳад. Занони баору номуси тоҷик ҳамеша дар тарбияи насли меҳандӯсту хештаншинос саҳми арзанда мегузоранд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа пайваста талош менамоянд ва дар ин маврид чунин ибрози назар намудаанд: «Ҷомеае, ки ба зан- модар ғамхорӣ менамояд, ба ояндаи худаш ғамхорӣ мекунад. Давлате, ки нисбат ба модар- ин сарчашмаи ҳаёт ва бақои насли инсон бепарво бошад, ояндаи худро аз даст медиҳад».

Дар ҳақиқат занони баору номуси миллат борҳо исбот кардаанд, ки метавонанд дар баробари мардон барои ҳифзи марзу бум ва арзишҳои миллӣ ҷоннисорӣ намоянд.

Бахтиёр Маҳмадалӣ аз нақши занони омӯзгор ва саҳмгузор дар соҳаи маориф ёдовар шуда, иброз дошт, ки занони Донишкадаи кӯҳию металлургӣ дар тарбияи мутахассисони варзидаи соҳаи саноат  саҳми арзанда доранд ва ҷомеа ин хизматҳоро ҳаргиз фаромӯш намесозад.

Дар чорабинӣ занони собиқадор дар мавзуъҳои «Саҳми модарон ва бонувони тоҷик дар пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол», «Модар-сулҳофар», «Зан-модар- чароғи хонадон, пояи давлат ва офарандаи ҳаёт», «Саҳми занон дар рушди илму маориф» ва ғайра  маъруза намуданд.

Барномаи рангини фарҳангӣ аз ҷониби ансамбли ҳунарии «Ҷилои ёқут» пешкаши ҳозирин гардид.

АКС: Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон

Март 4, 2026 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд