Дар Душанбе ҳамоиши «Занону модарони тоҷик- нигини пурҷилои тоҷи миллат» баргузор гардид

Март 3, 2026 15:00

ДУШАНБЕ, 03.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Занону модарони тоҷик-нигини пурҷилои тоҷи миллат» ҳамоиши идона баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон хабар доданд.

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ изҳор дошт, ки ғамхорӣ нисбат ба занону модарон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумат ба шумор меравад. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ барои фароҳам овардани шароити мусоиди кору зиндагии занон, дастгирии ташаббусҳои онҳо ва ҷалби ҳарчи бештари занон ба идоракунии давлатӣ тадбирҳои муассир амалӣ гардиданд.

Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода иброз дошт, ки бо сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои баланд бардоштани мақому манзалати зан дар ҷомеа заминаи устувор гузошта шудааст. Имрӯз занону модарони тоҷик дар баробари иҷрои рисолати муқаддаси модарӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоӣ, илму маориф, фарҳанг ва идоракунии давлатӣ фаъолият намуда, дар пешрафту ободии Ватан саҳми арзанда мегузоранд.

Зимни ҳамоиш муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ ва Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода сухан гуфта, нақши занро ҳамчун офарандаи ҳаёт, тарбиятгари насли солим, посдори арзишҳои миллӣ ва неруи пешбарандаи ҷомеа баланд арзёбӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки маҳз бо меҳру муҳаббат, заҳмати содиқона ва масъулияти баланди занону модарон ҷомеа рушд ёфта, пояҳои давлатдорӣ таҳким меёбанд.

 АКС: Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

Март 3, 2026 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд