Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд

Март 11, 2026 14:20

ДУШАНБЕ, 11.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар оғози ҳамоиш мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдуллозода иброз дошт, ки дар замони муосир воситаҳои ахбори омма яке аз василаҳои асосии таъсиррасон ба шуури ҷомеа ба ҳисоб мераванд. Воситаҳои ахбори омма метавонанд афкори умумро шакл диҳанд, ба ташаккули руҳия ва худшиносии миллӣ мусоидат намоянд.

«Қудрати расонаҳо дар ташаккули афкори умум ва сиёсати ҷаҳонӣ ба касе пӯшида нест. Аз ин рӯ барои муҳофизати ин сарзамин бояд саводи расонаии худро баланд бардорем ва назари таҳлилию интиқодӣ дошта бошем», – изҳор намуд Масрур Абдуллозода.

Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён баён намуд, ки имсол мо ин ҷашни касбиро дар фазои хосса, яъне соли таърихӣ – 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил менамоем.

«35 сол муқаддам халқи тоҷик бо иродаи қавӣ ва ормони бузург бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва ягонаро пеша намуд. Дар ин марҳилаи пурпечутоб ва сарнавиштсоз матбуот ҳамеша дар канори давлат ва миллат қарор дошт. Ҳамин аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши матбуотро дар таҳкими давлатдорӣ ва худшиносии миллӣ борҳо таъкид намуда, иброз доштаанд, ки «матбуот оинаи ҷомеа ва минбари андешаи озод аст ва бояд дар ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таҳкими сулҳу субот ва рушди давлатдорӣ саҳми фаъолона гузорад»,-афзуд вазир.

Гуфта шуд, ки дар шароити Истиқлолияти давлатӣ низоми матбуоти миллӣ аз лиҳози шакл, муҳтаво ва таъминот таҳаввулоти ҷиддӣ касб намуд. Рушди босуръати технология имконият фароҳам овард, ки фазои иттилоотии мамлакат боз ҳам фарохтар гардад ва дастрасии шаҳрвандон ба иттилои боэътимод бештар шавад.

«Дар ҳақиқат имрӯз таъмини амнияти иттилоотӣ аз масъалаҳои ҷиддие маҳсуб мешавад, ки нақши расонаҳо дар он хеле муҳим аст. Манфиатҳои миллии мо тақозо менамоянд, ки кормандони воситаҳои ахбори омма барои муқовимат намудан ба ҳар гуна равандҳои номатлуб ва дифоъ намудани ҷомеа аз ин таҳдидҳо бояд дар сафи аввали мубориза бошанд. Баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ ва ватандӯстӣ дар дили мардум ва ба ин васила дастгирии рушди анъанаҳои асил ва фарҳанги миллии мардуми Тоҷикистон аз вазифаҳои дигаре аст, ки воситаҳои ахбори омма дар асри ҷаҳонишавӣ бар дӯш доранд», – таъкид шуд зимни ҳамоиш.

Дар ҷараёни ҳамоиш як зумра фаъолон дар бахши матбуот, телевизион, радио ва таҳқиқоти илмӣ бо Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, ҷоизаи Воҳид Асрорӣ (барои донишҷӯён) ҷоизаи Асадулло Саъдуллоев барои нашрияҳои беҳтарин қадрдонӣ карда шуданд.

Бо ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ Робия Холмирзо, Ҷумахон Файзализода, Мухтор Абдуллоев, Амрулло Забиров, Луқмонҷон Қурбонов ва Алишери Абдумаҷид сарфароз гардонида шуданд.

Инчунин ба як зумра рӯзноманигорон ва расонаҳои иттилоотӣ ҷоизаю унвон, «Ифтихорнома» ва «Сипоснома» тақдим карда шуд. Ҳамзамон хабарнигорони АМИТ «Ховар» — Фирӯза Давлатзода бо унвони «Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Марзия Саидзода бо «Ифтихорнома»-и Ҳизби Халқии Демократии Ҷумҳурии Тоҷикстон сарфароз гардонида шуданд.

Ёдовар мешавем, ки имрӯз дар мамлакати мо барои рушди воситаҳои ахбори омма тамоми заминаи ҳуқуқӣ ва шароити мусоиди фаъолият фароҳам оварда шуда, онҳо мунтазам такмил дода мешаванд. Фаъолияти воситаҳои ахбори омма асосан тибқи қонунҳои Ҷумҳурии Точикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма», «Дар бораи фаъолияти ноширӣ ва полиграфӣ», «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ», «Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот», «Дар бораи иттилоотонӣ», «Дар бораи ҳуқуқи муллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он», «Дар бораи нусхаи ҳатмии ҳуҷҷатҳо», «Тартиби баҳисобгирии давлатии фаъолияти ноширӣ, корхонаҳои полиграфӣ ва пешбурди Феҳристи ягонаи давлатӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ танзим карда мешавад.

 

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 11, 2026 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Моҳи октябр дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ доир мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон баргузор мегарданд
Дар Рим Намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон – кишвари ёдгориҳои нодир» ташкил карда мешавад
Ба ифтихори дохил гардидани Резервати биосферии Ромит ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО конфронс доир шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
«ТОҶИ СОМОН». Марҳилаи интихоби беҳтарин филмҳо барои синамоҷоизаи миллӣ оғоз гардид
Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ «Тамаддуни ориёӣ ва рисолати таърихии миллати тоҷик» нашр шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар вилояти Суғд 152 иншооти фарҳанг бунёд ва таъмиру таҷдид гардидааст
Иштирокдорони Конфронси байналмилалии «Рӯдакӣ – эҳёгари андеша ва фарҳанги миллӣ» Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо намуданд
«РӮДАКӢ — ЭҲЁГАРИ АНДЕША ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ доир шуд
«Нақши Пешвои миллат дар эҳё ва муаррифии тамаддуни ориёӣ». Таҳти чунин унвон маҳфили «Тоҷикшиносӣ» доир шуд