Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи Модар барномаи бошукуҳи фарҳангӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 06.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар дар Филармонияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев барномаи фарҳангӣ баргузор гардид.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, пеш аз оғози барномаи фарҳангӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ ва намояндагони ҳукумати мамлакат бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд.
Зимни ҳамоиши фарҳангӣ муовини Сарвазири Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ иброз дошт, ки Ҳукумати мамлакат таҳти роҳбарии хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша мақому манзалат ва эҳтироми Зан – Модарро ба таври шоиста қадр менамояд.
Дар сатҳи давлатӣ ҷашн гирифтани Рӯзи Модар нишонаи эътибору эҳтироми зиёди Ҳукумати мамлакат нисбат ба занону модарон ва далели равшани дар даврони Истиқлолияти давлатӣ ба мақому манзалати хосса соҳиб гаштани онҳо мебошад. Бо назардошти он, ки занону модарон дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии мамлакат нақши бисёр арзишманду муассир доранд, давлат ва Ҳукумати мамлакат масъалаи таъмин намудани ҳуқуқу манфиатҳои онҳоро дар маркази сиёсати худ қарор додааст.
«Маҳз бо ташаббус ва ғамхориҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон занони мо тавонистанд, ки дар тамоми соҳаҳои мухталифи ҷомеа фаъолият намоянд. Агар ободиву суботи ҷомеа аз осоишу оромии ҳар оила вобаста бошад, пас ободии ҳар хонадон аз руҳияи солиму созанда, сатҳи маънавиёту маърифат ва тандурустии зан — модар вобаста аст», – изҳор гардид зимни ҳамоиш.
Таъкид шуд, ки модари тоҷик давоми тамоми таърих тарбиятгари фарзандони нобиғаю хирадманд, солеҳу поктинат, бофазлу соҳибмаърифат, ватандӯсту ватанпарвар ва ҳунарманду созанда буда, ин рисолати муқаддаси худро имрӯз низ бо иффату шараф идома мебахшад.
Дар ҷараёни ҳамоиш бо иштироки ҳунармандони шинохтаи ҷумҳурӣ барномаи бошукуҳи фарҳангӣ доир гардид.
АКС: АМИТ «Ховар»


























































Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид






